Муҳоҷирон

4 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК, КИ 2 БОР НОМАШРО ИВАЗ КАРДА, БА РУСИЯ РАФТ

Додгоҳи шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳ ӯро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: 322, қисми 2 (убури ғайриқонунии марзи Русия) ва моддаи 30, қисми 3, моддаи 291, қисми 3 (кӯшиши додани пора) гунаҳкор шинохт. Манбаи ин хабар – Раёсати тафтишоти вилояти Калуга хабар дод, ки баъди адои ҳукми зиндонаш, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳад шуд.

Назари худи муҳоҷири тоҷик дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, ӯ, ки дар ҳудуди вилояти Калуга кору зиндагӣ мекард, соли 2016 аз Русия депортатсия шуда буд ва ҳаққи убури марзи Русияро надошт.

 “Ӯ ду дафъа: дар солҳои 2017 ва 2020 дар кишвари худаш ному насабу номи падар ва шиносномаашро иваз карда, бо номҳои нав ва бо шиноснмаи нав ба Русия омадааст. Моҳи майи соли 2021 ин нафарро дар шаҳри Обнинск кормандони ФСБ дастгир карданд. Ӯ ҳангоми боздошт ба кормандони ФСБ  ҳамчун пора 30 ҳазор рубл доданӣ шуд, то ки дар иваз вайро дастгир накунанд ва сар диҳанд. Кормандони ФСБ аз гирифтани ин пул даст кашидаанд” – гуфта мешавад дар иттилоияи мақомоти тафтишотии вилояти Калуга.

Ҳарсол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон б ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Пулҳое, ки онҳо дар инҷо кор мекунанд, манбаи асосии даромади ааксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва табъан ихроҷ шудану аз ҳаққи вуруди дубора ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила дар Тоҷикистон аст.

Вақтҳои охир мавҷи ихроҷу “запрет” аз Русия камтар шудааст, вале чанд сол пеш шумори муҳоҷирони тоҷик дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия аз 300 ҳазор нафар ҳам гузашта буд.

Бархеи онҳое, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешуданд, маҷбур буданд, ки ному насаби худро иваз карда, риск кунанд ва боз ба Русия бираванд. Даҳҳо нафар чунин муҳоҷирони тоҷик дар Русия боздошт ва бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум ба зиндон шудаанд.

Моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия барои чунин амал ҳамчун ҷазо аз ҷарима то 6 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бино ба омори ФСИН, Идораи федералии зиндонҳои Русия, дар аввали соли 2021 дар маҳбасҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекард ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик таҳти тафтиш дар боздошт қарор доштанд. Бино ба омори ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки маҳбусони тоҷик дар Русия барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират, асосан барои тақаллуби санадҳо зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button