ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ЯК ШИРКАТИ АТРИЁТ АЗ ДУБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН КОРГАР МЕҶӮЯД. ШАРТ – ДОНИСТАНИ АНГЛИСӢ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 июни соли 2022 муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ дар як мулоқоти маҷозӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC” аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб Маҳмуд Роҳпаймо масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкурро мавриди муҳокима қарор  додааст.

Бино ба иттилои вазорат, ин ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриёти ҷаҳон ҳамкорӣ  дошта, дар он шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд.

“Роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз ҷумҳурии мо мебошад. Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд”, гуфта мешавад дар хабар.

 Яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад. Инчунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши коргарони тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷом тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Дар ҳоли ҳозир, Русия ва қисман Қазоқистон бозорҳои асосӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Солҳои охир шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар ҷустуҷӯи кор худро ба Туркияву кишварҳои арабӣ ва ҳамин тавр, ба Аврупову Амрико ва Канада ва ҳатто ба Корея ҳам мезананд, вале фоизашон дар ҳаҷми умурии қувваи кории содиротӣ аз Тоҷикистон дар муқоиса ба лашкраи бузурги муҳоҷирони тоҷики роҳии Русия ва Қазоқистон  ҳанӯз хеле ночиз аст.

Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз талош доранд, ки манбаъҳои нав барои ирсоли қувваи кориро аз кишвар пайдо кунанд.https://www.facebook.com/mlmert/posts/pfbid0KpCLuHVW7G2NT7HzRQyZXwyTqZ4wwcwX4DdXQUpMvpZXAJq2T3WFGFW6yc9rEx29l

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button