ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲАЛОКАТИ БОЗ ЯК СОКИНИ ИСФАРА ДАР ҶАНГИ УКРАИНА

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ҳамлаи мушакӣ дар як қаҳвахона дар шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина кушта шудааст. Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҷасади Измиддин Зайниддинови 38‑соларо рӯзи 23‑уми июни соли  2022 аз зери харобаҳои қаҳвахонаи ҳамлашуда берун оварда, дар яке аз қабристонҳои Харков ба хок супурдаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Киев хабари марги ин шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки Измиддин Зайниддинов ду сол пеш аз Русия барои кор ба Украина омада буд.

“Ӯ корҳои гуногунро иҷро мекард ва як шуғли аниқ надошт. Қаҳвахонае, ки ӯ дар он буд, дар канори роҳ ҷойгир шудааст”, ‑ гуфтаанд дар сафорати Тоҷикистон дар Украина.

Измиддин зодаи ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, ҳамсар ва ду кӯдак доштааст.

Харков аз аввали ҷанг, инак 4 моҳ боз аз ҷониби нерӯҳои Русия мушакборон мешавад. Шаҳри Чугуев аз марши вилоят, шаҳри Харков тақрибаан 40 километр ва аз марзи Украина бо вилояти Белгороди Русия наздики 70 километр дуртар ҷойгир шудааст.

То оғози ҷанг дар Украина тақрибан наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд, ки аксараш алакай ин кишваро тарк кардаанд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия бо Украина  хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо низомиҳоеянд, ки  ба сурати қарордодӣ дар саффи нирӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд.

Тоза ду ҳафта пеш ҷасади боз як сокини Исфараро, ки дар артиши Русия хидмат мекард ва ба қавли наздиконаш, дар Украина кушта шуд, ба Тоҷикистон оварданд. Пайвандони Сулаймонхӯҷа Набиеви 22-сола аз ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара гуфтанд, ҷасади ӯро рӯзи 8-уми июн аз сардхонае дар Вилояти Ростов гирифтанд. Шаби 9 ба 10 июн  ҷанозаи ин ҷавони тоҷикро аз тариқи Хуҷанд барои гӯручӯб ба зодгоҳаш, Исфара бурданд.

Бародари Сулаймонхӯҷа, Меъроҷ Солиев ба Радиои Озодӣ гуфт, Сулаймонхӯҷа Набиев соли 2017 ба муҳоҷират рафта, дар Русия кору зиндагӣ мекард, аммо ду моҳ пеш соҳиби шиносномаи русӣ шуда, баъди сабтином дар Санкт-Петербург ба хидмат даъват шуд.

“Сулаймонхӯҷа дар Грознийи Чеченистон хидмат мекард, вале дар бораи кай ва чӣ тавр ба ҷанги Украина рафтани ӯ маълумот надорем,” — афзуд Меъроҷ Солиев.

дар кадом минтақаи Украина ва дар чӣ шароите ҳалок шудаани ин ҷавон низ маълум нест.

Меъроҷ Солиев гуфт, вақте хабари марги бародарашро расонданд, ба сардхонаи Ростов рафт ва як ҳоли зорро дар онҷо дид.

 “Ба сардхона (морг) рафтем. Ба ғайр аз як сарбоз каси дигар ба назди мо наомад. Ҷасадро барои дору кардан ба оромгоҳи Ростов бурдем. Гуфтанд, ҳақ надорем, ки инро кушоем. Ин мурдаи терминал аст. Дар сардхона (морг) ҷасад хеле зиёд буд, мурдаро мисли тарбуз кофта мегирӣ,” – нақл кард ӯ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button