ФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР АҲМАД АБДУЛЛОЕВ

Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Аҳмад Абдуллоев рӯзи 24 июни соли 2022 дар синни 86 дар  Ӯзбекистон аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Тошканд хабар дод.

Бо андӯҳи гарон хабар медиҳам, ки устод Аҳмад Абдуллоев ба Ҳақ пайвастаанд. Ёдашон гиромӣ ва хонаи охираташон обод бод”, навиштааст Мирасрори Фарғонӣ.

Дар бораи иллати марги профессор Абдуллоев ва кайу дар куҷо ба хок супурдани ӯ иттилои дигаре дода нашудааст.

Аҳмад Абдуллоев, ки 15 марти соли 1936, дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омадааст, дар солҳои 90, баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба зодгоҳаш кӯчид ва тақрибан 26 соли охир дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард.

Аҳмад Абдуллоев соли 1957 Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, ду сол дар зодгоҳаш муаллимӣ кард ва сипас  аспиранти АИ ҶТ (1959 – 62), ходими илмии Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ба номи Рӯдакӣ (1962 – 88), профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон(1988 – 90), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1990 – 96) буд. Аз соли 1996 профессор кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Профессор Аҳмад Абдуллоевро дар амал асосгузори риштаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишкадаи Тирмиз мешуморанд.

Аҳмад Абдуллоев муаллифи беш аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ  буда, асосан ба таҳқиқи адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 – 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ машғул буд.

Википедия дар бораи ӯ менависад: “Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори ғиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фиғония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд”.

Аҳмад Абдуллоев соли 2001 барои  таҳия ва нашри Девони комили Адиб Собири Тирмизӣ сазовори ҷоизаи махсуси президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ шуд.

Писари ӯ Масрур Абдуллозода низ аз муаррихони шинохтаи тоҷик ба шумор меравад. Ӯ солҳои охир дар дастгоҳи президенти Тоҷикистон кор мекунад.

Осор

  • Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII (ҳамроҳи С. Саъдиев), Д., 1986;
  • Сабақи Рӯдакӣ, ҷилдҳои 1, 2, Д., 1984, 1991;
  • Абулқосими Фирдавсӣ, Д., 1987;
  • Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 9), Д., 1990;
  • Тасаввуф ва намояндагони он, Тошкент, 2009.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button