Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК НАВРАСӢ БАРОИ ДУЗДИИ 4 ҲАЗОР ДОЛЛАР АЗ ДОХИЛИ МОШИН

ВКД Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли 2022 аз боздошти як навраси қаблан ҳам судшуда бо иттиҳоми дуздӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, бо ариза марди 33-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 20-уми июни соли 2022, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш, ки дар назди бинои истиқоматиаш меистод, 1-адад шаҳодатномаи хизматӣ ва 4-ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 255, 244 ва 248 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button