ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗ ЯК ҶАВОНУ ЯК НАВРАС ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ҒАРҚ ШУДАНД. АЗ АВВАЛИ СОЛ АЛАКАЙ БЕШ АЗ 60 КАС!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли 2022 хабар дод, ки ахиран як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара,  ки ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта буд, ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш  аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар, ба ҷои ҳодиса дастаи махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон сафарбар гардид.

Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ  нимаи дуюми рӯзи 23 июн, соати 18:30  ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Бино ба хабари дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, як навраси 16-сола ҳам рӯзи 21-уми июни соли равон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.

Рӯзи 23-уми июни соли 2022 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Аз аввали ҳафтаи равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда алакай дар бораи дастикам 5 мавриди дар дарёҳо ғарқ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дода, ҳафтаи гузашта дар бораи ғарқ шудани дастикам 9 нафар хабар дода буд.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон алакай беш аз 60 нафар, аз ҷумла беш аз 30 кӯдаки синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ҷумла ахиран хабар дод, ки рӯзи 21 июни соли 2022 як духтари 19-солаи сокини кӯчаи Борбади ҷамоати деҳоти Гулистон дар канори шаҳри Левакант худкушӣ кардааст.  Бино ба иттилои ин ниҳод, ин духтар рӯзи 19 июн бо сабабҳои номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар соҳили канали маъруф ба номи “канали Сталин” монда, худро ба об партофтааст.

Ҷустуҷӯи ҷасад аз ҷониби ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон тамоми рӯз идома дошт, вале натиҷа надод. Ҷустуҷӯ аз субҳи 22 июн аз сар гирифта шуд.

Сабаби даст ба худкушӣ задани ин духтари ҷавон ҳанӯз маълум нест.

Ҳар сол дар Тоҷикистон тақрибан 600 мавриди худкушӣ  ва қасди худкушӣ сабт мешавад.  Даҳҳо нафари онҳое, ки касди ҷони худ мекунанд, ҷавонону ноболиғонанд.

Мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ аз сабабҳои умдаи даст ба ҷони худ задани мардум дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button