ВарзишВидео

УЗВИ СОБИҚИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ЗЕЛИМХОН ЮСУПОВРО ДАР ДОҒИСТОН ЛАТТУКӮБ КАРДАНД (ВИДЕО)

Зелимхон Юсупов, узви собиқи тими миллии Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озодро, ки ҳоло размандаи ММА аст, дар Доғистон бисёрӣ шуда, латтукӯб кардаанд. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки аввал як мард  Зелимхонро ба сараш мезанад ва сипас ба латтукӯби ӯ чанд нафари дигар ҳамроҳ шуда, варзишгарро аз пой меафтонанд, вале ҳамчунон ба латтукӯбаш идома медиҳанд. Дар байни ҳамлагарон як марди мусаллаҳ бо пистолет ҳам дида мешавад, ки бо ин силоҳаш ба сари Зелимхон Юсупов чанд бор зарба мезанад. Видео дар лаҳзае тамом мешавад, ки мардуми дигар давида омада, тарафҳои даргирро халос мекунанд ва Зелимхон Юсупов бо сару рӯи хуншор аз рӯи фарш ба пояш рост мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, сабаби латтукӯб муноқишаи Зелимхон Юсупов бо размандаи собиқи UFC Ҳадис Иброҳимов дар яке аз мусобиқаҳои Hardcore MMA шудааст.

Зeлимхон Юсупов 38  сол дорад. Ин зодаи ҷумҳурии Доғистони Русия қабл аз омаданаш ба майдони ҷангҳои бидуни қоида (ММА) як гуштингири машҳури сатҳи байналмилалӣ буд. Азбаски ба тими миллии Русия роҳ ёфта натавонист, Зелимхон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оида ба гуштини тарзи озод аз Тоҷикистон намояндагӣ мекард ва таҳти парчами Тоҷикистон аз ҷумла соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон иштирок карда, дар даври аввал Алан Гогаев аз Русияро шикаст дод, вале дар даври дуюм аз намояндаи Канада Аслан Веранес мағлуб шуд. Зелимхон Юсупов соли 2014 ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон ҷои панҷумро гирифт ва соли 2015 дар чемпионати Осиё соҳиби медали нуқра шуд. Вале ӯро ба истифодаи доипинги навъи диметилбутиламин  айбдор карда, аз медали нуқра маҳрум ва барои 4 сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштин маҳрум карданд.

Солҳои охир ӯ ба ҷангҳои бидуни қоида рӯй овард. Зелимхон Юсупов дар ММА 17 пирӯзӣ ва 9 шикаст дошта, баҳори имсол ду набардашро бо сабмишн алакай дар даври аввал бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button