ВидеоФарҳанг

СИТОРАИ ОВОЗАДОРИ ГУРУҲИ “ЛАСКОВИЙ МАЙ” ЮРИЙ ШАТУНОВ ДАР СИННИ 48 АЗ ДУНЁ РАФТ (ВИДЕО)

Рӯзи 23 июни соли 2022 яке аз ситораҳои эстрадаи муосири Русия,  овозхони гуруҳи дар вақташ овозадори “Ласковий май” Юрий Шатунов дар синни ҳамагӣ 48 бар асари сактаи қалб аз олам чашм пӯшид.

“Имшаб дар даруни мошини “Ёрии таъҷилӣ қалби Юра аз кор монд”, –  хабар дод сухангӯи ин ҳунарманд а Аркадий Кудряшов.

Юрий Шатунов соли 1973 дар ҷумҳурии Бошқирдистон ба дунё омада,  12 сол дошт, ки аз модар маҳрум шуд ва дар ятимхонаи Оренбург ба воя расид.

Дар ҳамон 12-солагиаш оҳангсоз Сергей Кузнетсов аз ҳисоби тарбиятгирандагони ятимхонаи Оренбург гуруҳи “Ласковий май”-ро созмон дод ва Юрий Шатунов хеле зуд дар пайи иҷрои таронаҳои  “Белые розы” ва “Седая ночь” ба яке аз ситораҳои  раддаи аввали он даврон дар Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфта, ин ду таронаро то кунун яке аз пуртарафдортарин таронаҳои солҳои 80 дар паҳнои СССР ном мебаранд.

Вале шуҳрати “Ласковий май”, ки идораи умураш дар дасти Андрей Разин афтода буд, дер давом накард ва соли 1991 ин гуруҳ пароканда шуд.

Юрий Шатунов он вақт ба Олмон кӯчид, вале дар ибтидои солҳои 2000 боз ба Русия баргашт ва чандин бор талош кард, то фаъолияти овозхониашро аз сар бигирад. Андрей Разин низ дар ин солҳо чандин бор кӯшиш кард, то “Ласковий май”-ро дар ҳайъати қадимааш эҳё карда, дигарбора ба қуллаи шуҳрат баргардонад.

Вале алакай замона дигар шуда буду оҳангу таронаҳои дигар ва чеҳраҳои дигар мехост.

Юрий Шатунов бошад ҳамчун овозхони гуруҳи овозадори “Ласковий май” ва муаллифи шоҳкориҳои “Белые розы” ва “Седая ночь” моли таърихи эстрадаи солҳои 80 шуд ва ба ҳамин ҳайсу бо ҳамон сурати давраи наврасиаш дар ин таърих монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button