ВидеоИқтисодҶанг дар Украина

ҚУРБИ ДОЛЛАР ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 10 СОМОНӢ ҲАМ ПОЙИНТАР АФТОДААСТ

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 23 июн қурби расмии доллари Амрикоро 10 сомонию 58 дирам, қурби евро, воҳиди ягонаи пули кишварҳои Аврупоро 11 сомонию 17 дирам ва қурби 1000 рубли Русияро 177 сомонию 50 дирам муқаррар кардааст.

Дар ҳоле ки қурби рубл як каме болотар рафтааст, қурби доллару евро инак чанд моҳ боз ба таври беист пойин рафта истодааст.

Қурби доллар рӯзи 17 июн аз марзи 11 сомонӣ пойинтар рафт ва дар байни як ҳафта боз қариб ним сомонии дигар қурби худро аз даст дод.

Дар бозори сиёҳи Тоҷикистон низ қурби доллар хеле пойин рафтааст ва ҳоло як долларро саррофони пинҳонкор 10 сомонӣ харида, аз 10 сомонию 20 дирам то 10 сомонию 30 дирам мефурӯшанд.

Вале дар бонкҳои расмии Тоҷикистон дигар барои доллар касе ҳатто 10 сомонӣ намедиҳад. “Эсхата” ва “Ҳумо” рӯзи 23 июн долларро бо нархи ҳамагӣ 9 сомонию 70 дирам мехариданд. “Эсхата”барои як евро 10,3 сомонӣ медод, вале “Ҳумо” ҳамагӣ 10 сомонӣ.  1000 рубл дар “Ҳумо” 177 сомонию 20 дирам ва дар “Эсхата” 177 сомонию 50 дирам нарх доштааст.

“Имон Интенешнал” ва “Спитаменбонк” як долларро 9,6 сомонӣ, як евроро 10,2 сомонӣ, вале 1000 рублро ҳамагӣ 160 сомонӣ мехаранд.

“Ориёнбонк” барои як доллар 9,7 сомонӣ, барои як евро 10,5 сомонӣ ва барои 1000 рубл ба муштариёнаш 170 сомонӣ пешниҳод мекунад.

Қурби доллару евро дар аввали баҳори соли ҷорӣ, дар пайи уфти башиддати қурби рубл, хеле боло рафта, болоравии башиддати нарху навои маҳсулотро ба ҳамроҳ дошт. Аксари тоҷирон он вақт маҳз афзоиши қурби долларро сабаби боло бурдани нарх меномиданд.

Сокинон умедвор буданд, ки бо уфти  қурби доллар, ки инак ду моҳ боз идома дорад, нархҳо низ, ба қавли маъруф, ба “ифоқа” меояду рӯ ба пойин меоранд. Вале то кунун пойинравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида намешавад, ило нархҳои мавсимӣ, ки  тибқи маъмул, ҳар сол бо ворид шудани меваву сабзавоти ҳосили нав нархҳои бархе маҳсулот арзонтар мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи март қурби як доллар дар Тоҷикистон ба 13 расида, қурби евро аз 14 сомонӣ гузашта буд ва дар се моҳи пеш рӯзҳое ҳам буд, ки барои 1000 рубл дар Тоҷикистон аз ин ҳам камтар: аз 80 то 90 сомонӣ медоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button