ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ПЕШНИҲОД: БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОЗ ЯК УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ДОДА ШАВАД

Рӯзи 22 июни соли 2022 иштироккунандагони анҷумани илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд, дар муроҷиатномаи худ хостаанд, то ба муносибати 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд,  ба президенти кунунии Тоҷикистон унвони дуюми Қаҳрамони Тоҷикистон бидиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни солҳои 90 барои нуқта гузоштанаш ба ҷанги шаҳрвандӣ алакай як дафъа унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

“…бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан – “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд”, – гуфта мешавад дар муроҷиатномаи аҳли анҷумане, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳам иштирок доштааст.

Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои хидматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки барои озодӣ, истиқлол ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон каҳрамонии ҳарбӣ ва корӣ нишон додаанд. То имрӯз 6 нафар: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум Лутфуллоев, Шириншо Шотемур ва Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шудаанд.

Пешниҳоди ба Эмомалӣ Раҳмон додани унвони дуюми Қаҳрамони Тоҷикистон чанд сол боз садо медиҳад. Аз ҷумла баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун пешниҳод шуда буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони дуюми қаҳрамонӣ дода, ҳайкалашро дар Душанбе ва Роғун бисозанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ ба синни 70  мерасад, аз моҳи ноябри соли 1992, инак қариб 30 сол боз ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Соли 2016 бо қабули як қонуни вижа ӯро Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эълон карда, барояш ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти номзадиашро ба президентӣ доданд.

Тарафдоронаш бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмон давлатдории тоҷиконро баъди 1000 сол барқарор карда, ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ нуқта гузошт ва Тоҷикистон дар аҳди ӯ ба пешрафтҳои беназир ноил шуд. Тарафдоронаш муътақиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳар навъ таҳсину тавсифу тамҷид  ва арҷгузорӣ ҳаст.

Вале мунтақидон Эмомалӣ Раҳмонро барои  бунёди як низоми худкомаи мабнӣ ба парастиши шахси ӯ танқид мекунанд ва мегӯянд, Тоҷикистон дар аҳди ӯ  ба фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ  табдил ёфт, ки низоми раҳбариаш саросар фасодзада буда, мансабҳои муҳими давлатӣ ва тиҷоратҳои муҳимро хешу табори президент байни худ тақсим кардаанд ва мардум асосан аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия рӯз мебарад.  Поймол шудани озодиҳои демократӣ ва то ҳол дар Тоҷикистон доир нашудани ягон интихоботи ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали демократӣ аз дигар мояҳои танқиди мухолифон аз натиҷаҳои 30 соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button