ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲОҶӢ АЙНИДДИН ГАДОЗОДА, ПИРИ АҲЛИ ҚАЛАМИ КАНГУРТ

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи муқими ноҳияи Темурмалик ва падари раиси шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” (собиқ “Шабакаи аввал”) Ҳоҷӣ Самариддини Айниддин, шаби 22 ба 23 июни соли 2022 дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода субҳи 23 июн дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон баргузор шудааст.

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода ҳамагӣ 5 рӯз баъди нашри охирин китобаш ”Қомусномаи Кавн-Айн” тарки ин дунё кард. ”Қомусномаи кавн-айн” ҷилди дуюми қомуси ноҳияи Темурмалик (собиқ Совет, Кангурт) аст, ки ҷилди аввалаш бо номи  “Қомусномаи Айн” соли 2011 чоп шуда буд.

Айниддин Гадозода 19 июли соли 1946 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳозира ноҳияи Темурмалик) таваллуд шуда, соли 1976 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1987 Техникуми кишоварзии ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира ноҳияи Бохтар)-ро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Навобод»-и ноҳияи Данғара (1963—1966) оғоз намуда, дар мактаби миёнаи № 4 ноҳияи Совет(1968—1970), газетаи «Барои Коммунизм» (1970—1976), радиои ноҳияи Совет (1976—1980) рӯзномаи «Барои коммунизм»-и ноҳияи Совет (1980—1982), Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Совет (1982—1994) кор кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Совет, даъвати 9, ҷамоати деҳоти Ватану Танобчӣ интихоб шудааст. Аз соли 1994 то январи 2011 мудири шуъбаи фонди нафақа (ҳозира Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа) будааст. Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Айниддин Гадозода соли 2004 соҳиби нишони “Аълочии матбуот” ва соли 2007 соҳиби нишони “Аълочии фарҳанг” шуда, соли 2012 ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ ва соли 2013 ҷоизаи ба номи Носири Хисравро ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин роҳбари ммаркази фарҳангии “Фитрат” буд, ки аҳли фарҳанг ва аҳли қалами ноҳияи Темурмалик ва атрофи онро гирд оварда буд.

Айниддин Гадозода аз худ чандин китоби баделӣ ва таърихию публитсистӣ, ба мисли:

  1. «Дар соҳили Сурхоб»-1990,
  2. «Ворисони Оли Сомон аз Хатлонем»-1999,
  3. «Сипеҳри ҳафтод»-2000,
  4. «Ангораҳои таърихи халқи тоҷик ва даҳ соли ду аср»-2001,
  5. «Дар дилу дидаи мардум»-2003,
  6. «Сипари гунбади сипеҳр»-2004,
  7. «Сафою санои Шариф қаҳрамон»-2005,
  8. «Ориён рўшангарӣ Шарқ»-2006,
  9. «Ҳабиби Худо»-2010,
  10. «Қомусномаи Айн»-2011,
  11. «Ман аз Ҷарибкўлам»-2016,
  12. «Лаббайки мо сўйм Туст»-2017,

13. ”Қомусномаи Кавн-Айн” (2022) ба ёдгор гузошт.

Фарзандони обрӯманд мероси дигаре аз Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода аст, ки ба ёдгор мемонад. Яке аз писарони ӯ Ҳоҷӣ Самариддин Айниддин мудири шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” буда, фарзанди дигараш Садриддини Айниддин дар аввали соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Низомулмулк дар низоми идории ҷамъиятӣ ва сиёсии давлати Салҷуқиён“ рисолаи номзадӣ барои дарёфти унвони номзади илми таърихро ҳимоят кард.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=1486073721705738&set=a.1486073735039070

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button