ВидеоСиёсат

АМРИКО САФИРИ ЗАИФАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН ИВАЗ МЕКУНАД

Кохи Сафед рӯзи 22 июни соли 2022 хабар дод, ки президенти Амрико Ҷо Байден  Мануэл П. Микаллери хурдӣ(Manuel P. Micaller, Jr) –ро ба мақоми сафири фавқулодда ва мухтори кишвараш дар Тоҷикистон пешбарӣ мекунад. Дар сурати тасдиқи номзадиаш дар Конгресс, Мануэл Микаллер, ки ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ низ балад будааст, дар Душанбе Ҷон Марк Поммершаймро, ки аз аввали соли 2019 сафири Амрико дар Тоҷикистон буд, иваз хоҳад кард.

Поммершаймро заифтарин сафири Амрико дар Душанбе дар тӯли 30 соли равобити дипломатии Амрикову Тоҷикистон мешуморанд. Ба ақидаи мунтақидон, Поммершайм дипломати иродаааш хеле суст баромад ва ӯро дар Душанбе касе  ҷиддӣ нагирифт. Мақомоти Тоҷикистон сафири Амрикоро ба бисёре аз чорабиниҳои  муҳим даъват намекарданд ва дар байни корпуси дипломатии кишварҳои Ғарб ҳам, ба фарқ аз сафирони қаблии Амрико, Поммершайм натавонист мавқеи лидерӣ касб кунад ва ташаббусҳои муштараке дар миён гузорад.

Ба гуфтаи фаъолон, дар давраи Поммершайм сафорати Амрико аз пешбурди  арзишҳои умумибашарӣ ва демократӣ хеле ақибнишинӣ кард. Поммершайм масоили ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии Тоҷикистонро дар мадди аввал гузошта, ҳатто дар арсаҳое, чун ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот, ба пуштибонии лоизаҳои “амн” ва “лайт”, ки барои ӯву сафорати Амрико дарди сар эҷод накунанд, бартарӣ медод. Барои мисол, ба ҷои пуштибонии расонаҳои дар воқеъ мустақил, дар давраи Поммершайм сафорати Амрико ба пуштибонии сомонаҳои ғайрисиёсӣ, аз ҷумла ба маблағгузории сомонаҳои марбут ба навидҳои шоубизнес тарҷеҳ медод.

Корманди як муассисаи байналмилалӣ дар Душанбе мегӯяд: Поммершайм одами заиф буд ва ҳама инро зуд фаҳмиданд. Тарҳҳои ҷасуронае, ки барои сафорат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дарди сар офарида метавонист, аз ҷониби ӯ аз бех рад кард мешуд. Дар натиҷа, сафорат дар аҳди Поммершайм ба “халтаи пул” барои маблағгузории ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ дигар ба сафорати Помммершайм умеде баста наметавонистанд”.

Фаъолон аз ҷумла таъкид мекунанд, ки сафорати Амрико то ҳол ба ҳимоят аз журналистони ҳабсшуда Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ изҳороте надодааст. Ба болои ин, рӯзи 15 июн, дар рӯзе, ки ин ду журналистро дастгир карданд, Поммершайм дар мулоқоти рӯбарӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт ва метавонист масъалаи Далеру Абдуллоҳро ҳам матраҳ кунад, вале накард.

Мануэл П. Микаллери хурдӣ корманди собиқадори дипломатии Амрико буда, феълан дар мақоми муовини сафири Амрико дар Катманду (Непал) кор мекунад. Ӯ аз он қабл муовини сафир ва кордори сафорати Амрико дар  Улан-Батори Муғулистон буда, пештар дар мақоми муовини мудири раёсати умури Ҳиндустон дар дафтари Департаменти давлатӣ оид ба Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи марказӣ кардааст. Микаллер ҳамчунин дар сафорати Амрико дар Душанбе сардори бахши иқтисодию сиёсӣ буда, дар сафорати Амрико дар Марокаш ҳам кор кардааст.

Мануэл Микаллер дараҷаи бакалаврро дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ва дараҷаи магистро дар умури идораи тиҷоратӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ба даст оварда, дар Донишгоҳи миллии мудофиа низ таҳсил кардааст. Ӯ чанд забони хориҷӣ, аз ҷумла русию тоҷикиро медонад.

Амрико дар 30 соли равобити дипломатиаш ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 миллиард доллар кумакҳои билоиваз расондааст ва яке аз бузургтарин донорҳои Тоҷикистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button