Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

РӮЙМОЛАШРО ДАР ЛАБИ ОБ МОНДУ… ХУДКУШИИ ЯК ДУХТАРИ 19-СОЛА ДАР “КАНАЛИ СТАЛИН”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21 июни соли 2022 як духтари 19-солаи сокини кӯчаи Борбади ҷамоати деҳоти Гулистон дар канори шаҳри Левакант худкушӣ кардааст.  Бино ба иттилои ин ниҳод, ин духтар рӯзи 19 июн бо сабабҳои номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар соҳили канали маъруф ба номи “канали Сталин” монда, худро ба об партофтааст.

Ҷустуҷӯи ҷасад аз ҷониби ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон тамоми рӯз идома дошт, вале натиҷа надод. Ҷустуҷӯ аз субҳи 22 июн аз сар гирифта шуд.

Сабаби даст ба худкушӣ задани ин духтари ҷавон ҳанӯз маълум нест.

Ҳар сол дар Тоҷикистон тақрибан 600 мавриди худкушӣ  ва қасди худкушӣ сабт мешавад.  Даҳҳо нафари онҳое, ки касди ҷони худ мекунанд, ҷавонону ноболиғонанд.

Мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ аз сабабҳои умдаи даст ба ҷони худ задани мардум дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабари қаблан нашршуда дар бораи пайдо шудани ҷасади як кӯдаки нӯҳсоларо дар шаҳри Бохтар тасдиқ кард.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон, дар канали Ҷайҳун  ҷасади ноболиғеро ёфтанд, ки ҳанӯз 8 рӯз пеш нопадид шуда буд.

Дар хабар омадааст, ки ин писарбачаи сокини кӯчаи Мирзоқодирови шаҳри Бохтар ҳамагӣ 9 сол дошт. Ӯ шаби 14-уми июни соли равон баъди соати 21:00 аз хона берун шуда, дигар барнагашт. Тӯли ин рӯзҳо кормандони ШКВД-и шаҳри Бохтар ӯро меҷустанд.

Билохира, рӯзи гузашта, 21-уми июн соати 10:50 дақиқа аз ШКВД шаҳри Бохтар ба Раёсати КҲФ дар бораи намудор шудани як ҷасади писарбача иттилоъ доданд. Кормандони наҷоти Раёсат ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Ҷасадро аз оби канали Ҷайҳун берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сабаби ғарқ шудани писарбача маълум нест, волидонаш дар ин бора ҳеч изҳори назаре накардаанд.

Рӯзи 21 июн Парвиз ТВ бо нашри як видео хабар дода буд, ки ҷасади беҷони як кӯдаки нӯҳсоларо  аз зери пул дар шаҳри Бохтар ёфтаанд.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон алакай беш аз 60 нафар, аз ҷумла 30 кӯдаки синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button