ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ВАЪДАИ ХОНА ДАР МАҲАЛЛАИ КАЛИНИН ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ ДАР ТУРСУНЗОДА

Ду ҷавон дар шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 7 июн аз хонаи сокини 58-солаи ин шаҳр 5 ҳазор сомонӣ, 300 доллар ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидаанд. Ҳаҷми умумии зарари расондашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ин ду ҷавон акнун бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ  барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххх

Сокини 39-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли соли 2019 бо роҳи фиреб бо ваъдаи аз бинои навсохтмон воқеъ дар кӯчаи Калинин гирифтан додани як хонаи масоҳаташ 67 метр аз як сокини Душанбе 30 ҳазору 150 доллар гирифта, он ҳама пулро барои худ харҷ кардааст, вале то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавонон бо ҷурми дуздӣ

019.jpg

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 58-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми июни соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 5-ҳазор сомонӣ, 300-доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 26-сола ва 25-солаи сокинони шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба даст овардани маблағ бо роҳи қаллобӣ

010

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 24-уми июли соли 2019, марди 39-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 30 ҳазору 150 долари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмон воқеъ дар кӯчаи Калинин шаҳри Душанбе, аз ошёнаи 7-уми бинои мазкур дар масоҳати 67 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button