ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСУ ҶАРИМАИ СЕ НАФАР БАРОИ АВБОШӢ ВА ЗАНОЗАНӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЗАРАФШОН (АКС)

Милитсияи пойтахт 22 июни соли 2022 хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон:

  1. Солеҳов Анвар Акбаралиевич, санаи таваллудаш 03.10.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” рақами қайди давлатиаш 2306ТТ09, хатсайри рақами 26;
  2. Ибтидозода Ҳасани Аслиддин, санаи таваллудаш 09.08. 1991 истиқоматкунандаи н. Сино кӯчаи Ҳисор, пулчинак (кондуктор);
  3. Исматзода Бахтовар Неъматулло санаи таваллудаш 30.11.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳисор, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЕУ” рақами қайди давлатиаш 1998BG01 дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Дар иттилоияи расмӣ омадааст: “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 20-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:00 дақиқа дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъд аз бархӯрди автомашинаи тамғаи “ДЕУ” ба автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар се аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Сино ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Ҳамзамон ҳарду ронандаро тибқи талаботи моддаи 325 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои сабқат протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҷарима бастаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button