ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ЯК ӮЗБЕКТАБОРРО ДАР ЭРОН БАРОИ ҚАТЛИ ДУ РӮҲОНИИ ШИЪА БА ДОР ОВЕХТАНД

Рӯзи 20 июни соли 2022 дар зиндони Вакилободи шаҳри Машҳад дар устони Хуросони Разавии Эрон ҷавони 21-солаи ӯзбектабор Абдулатиф Муродиро ба дор кашиданд.

Ғуломалӣ Содиқӣ, раҳбари қувваи қазоияи устони Хуросони Разавӣ гуфт: “Ҳукми эъдоми Абдулатиф Муродӣ дар ҳузури афроди мулкӣ ва мақомот дар маҳбаси Вакилободи Машҳад ба иҷро расонда шуд”.

Содиқӣ гуфт, Абдулатиф Муродӣ, фарзанди Муҳаммадтоҳир дар пайи қатли ду рӯҳонии шиъа дар Ҳарами Имом Ризо, яке аз маконҳои барои шиъаҳо хеле муқаддаси шаҳри Машҳад бо ҷурми “муҳориба” (ҷанг бо Худо) ва эҷоди ваҳшат дар байни мардум маҳкум ба эъдом  аз роҳи ба дор овехтан шуда буд.

Ҳамлаи хунин ба Ҳарами Разавӣ рӯзи 5 апрели соли 2022, дар рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон ва ду рӯз пас аз кушта шудани ду рӯҳонии суннӣ дар шаҳри Гунобод, дар 280-километрии ҷануби Машҳад рӯй дод.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки рӯзи 5 апрел Абдулатиф Муродӣ кордро дар бағал пинҳон карда, бидуни мушкил аз садҳои амниятӣ убур мекунад ва вориди Ҳарами Имом Ризо мешавад. Дар саҳни Ҳарам ӯ се рӯҳонии шиъаро мебинад, ки бо ҳам суҳбат доранд. Муродӣ ба ин се нафар наздик шуда, ногаҳон бо корд ба онҳо ҳамла мекунад. Баъди ин ҳам Муродӣ то чанд дақиқаи дигар корд дар даст намегузорад, ки ӯро дастгир кунанд. Танҳо баъди чанд дақиқаи муҳосира ба яке аз посбонҳои Ҳарам муяссар шуд, ки аз қафо аз ҷавони ӯзбекистонӣ ҳамла оварда, ӯро аз пой биафтонад ва кордро аз дасташ бидарорад.

Бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш, Ҳуҷҷатулислом Муҳаммад Аслонӣ дар ҷои ҳодиса ва Ҳуҷҷатулислом Муҳамадсобиқ Дороӣ ду рӯз баъд дар бемористон ҷон бохтанд. Рӯҳонии сеюм, ки ҷавонтар буд, бо кумаки табибон аз марг наҷот ёфт.

Мақомоти Эрон он ҳамларо билофосила ҳамлаи террористӣ унвон карданд ва дар як филми мустанад, ки дар телевизионҳои давлатии Эрон нашр шуд, Абдулатиф Муродӣ пайравӣ ақидаҳои такфирӣ унвон шуд, ки нисбат ба  аҳли ташайюъ ҳисси адоват дошт.

Таҳқиқу баррасии  ин парванда тавассути қувваи қазоия ва додгоҳҳои Эрон бо як суръати ба таври камсобиқа тунд ҷараён гирифт ва алакай рӯзи 7 июни соли 2022, яъне ҳамагӣ баъди ду моҳ, додгоҳ Абдулатиф Муродиро дар “муҳориба”, яъне ҷанг бо Худо муҷрим шинохт ва маҳкум ба қатл кард. Ин ҳукм низ ҳамагӣ 13 рӯз пас аз судураш ба иҷро расонда шуд.

Аксарияти 83 миллион аҳолии Эронро шиъаҳо ташкил медиҳанд. Шумори сунниҳо дар Эрон аз 5 то 10 дарсад рақам зада мешавад. Машҳад бо беш аз 3 миллион аҳолиаш дуюмин шаҳри бузурги Эрон ва яке аз маконҳои умдаи муқаддас барои аҳли ташайюъ ба шумор меравад. Вале дар  Машҳад шумори бузурге аз аҳли суннат, аз ҷумла афғонҳо, туркманҳо, узбекҳо ва халқҳои дигар низ ба сар мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Кабирӣ агар президенти Тоҷикистон шавад, айнан ҳамин эъдомҳоро ба роҳ хоҳад монд. Айни ҳол Эмомалӣ мисли Ризо Шоҳ Паҳлавӣ аст, Кабирӣ Офатулло Хумайнӣ. Таърих худашро такрор мекунад.

  2. Офатуллоҳ Хумайнӣ ва Лаънатуллоҳ Хоманаӣ як “ислом”-и гандидаро таҳвили ҷомеа додаанд, ки лаънату худо бар онон бод. Шабу рӯз уламои аҳли суннат, ҷавонони бедори балучу турку туркаману курду арабу форсро қатли омм мекунанд, ҳеч гап неву, ду охунди лаънатии маккорро куштанд, ӯзбаки бадбахтро ҳам мекушанд?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button