ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳанг

МАРИЯ ЗАХАРОВА БО ПИРОҲАНИ ТОҶИКИИ ЧАКАН ДАР ТАН ҲАМАРО БА ВАҶД ОВАРД (2 АКС)

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 20 июни соли 2022  дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр кард, ки дар ин аксҳо ӯ дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ пироҳани тоҷикии чакан дар тан зоҳир мешавад.

Дар яке аз аксҳо  Мария Захарова куртаи чакани тоҷикӣ дар тан дар ҳоле сабт шудааст, ки аз пасаш гунбазҳои зарандуди калисо менамоянд. Дар акси дигар ӯ боз ҳам куртаи чакан дар тан ҳамроҳи духтараш ва иҷрокунандаи нақши Гург дар ҷараёни наворгирии филми нав дар бораи Кӯлоҳсурхак (Красная Шапочка) акс гирифтааст.

“Дар ин ривояти нави афсонаи Гурги бӯр ва Кӯлоҳсурхак, гург сафед аст, кӯлоҳро бошад метавон қарз гирифт. Имрӯз ба мо чӣ шуна навор гирифтани филмеро нишон доданд, ки рӯзи 22 сентябр ба намоиш медарояд”, – хабар дод Захарова дар зери ин акс дар Телеграм. Бино ба хабарҳо, Захарова дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи мӯд дар Маскав низ бо куртаи чакан зоҳир шудааст. Ҳафтаи мӯдро тарроҳи шинохтаи рус Вячеслав Зайтсев ташкил кардааст.

Бисёриҳо дар зери ин аксҳои Захарова навиштаанд, ки чакани тоҷикӣ ба ӯ хеле зебидааст.

Мария Захарова 46 сол дошта, аз августи соли 2015, инак қариб 7 сол боз намояндаи расмӣ, ё ба истилоҳи дигар, сухангӯи рақами яки вазорати хориҷаи Русия аст. Хонум Захарова дар ин мақом бо  интиқодҳои намакину гоҳо хеле тунду тезаш аз кишварҳои Ғарб ва роҳбарони онҳо ном баровардааст. Вале дар бораи Тоҷикистон, тавре ба мушоҳида мерасад, ӯ ҳамеша бо лаҳни гарм ва маъмулан ҳарфҳои мусбат менависад.

Соли 2015, вақте Мария Захарова ба синни 40 расид, дар рӯзи зодрӯзаш хабарнигори нашрияи тоҷикии “СССР” Шамсуддин Муқим ҳангоми нишасти хабарии Захарова ба минбар баланд шуд ва дар васфи соҳибҷашн шеъри ба ҳамин муносибат навиштаанд қироат карда, ба Мария Захарова лимӯҳои парвардаи Тоҷикистонро туҳфа кард. Бо чунин гӯшона, ки бомаззатар аз лимӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон лимӯи дигаре нест.

Чакан як навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ, ки бахусус дар қисмати ҷануби Тоҷикистон хеле роиҷ аст, соли 2018 аз ҷониби ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button