ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТаърихФарҳанг

КӮЧАИ АЛЁША-ГОРБУНРО ДАР ХОРУҒ БА НОМИ ШИРИН БУНЁД ГУЗОШТАНД

Маъмурияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки субҳи 21 июни соли 2022 бо қарори вакилони шаҳри Хоруғ дар иҷлосияи даҳуми даъвати шашум “дар асоси талаботи банди 11- и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, рақами 609  “Дар бораи тасдиқи тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо объектҳои физикию ҷуғрофӣ” кӯчаи А Аёмбеки шаҳри Хоруғ ба номи шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карда шуд”.

Ширин Бунёд (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович), Шоири халқии Тоҷикистон, соли 1941 дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада,  соли 2011 дар синни 70 вафот кард.  Ӯ аз худ чанд китоби шеър ба ёдгор гузоштааст, ки “Бомдод”, “Зартеғ”, “Шоҳи Тирандоз”, “Шерозаи Ваҳдат”, “Об, замин ва одамон” ва “Поси хотир” аз ҳамин ҷумлаанд.

Кӯчае, ки ба номи Ширин Бунёд гузошта шуд, дар маҳаллаи “Хлебзавод”, як минтақаи дар гузашта таҳти нуфузи Аёмбековҳо ҷойгир шуда, то имрӯз ба номи Абдуламон Аёмбеков, маъруф ба Алёша – Горбун, як фармондеҳи пурнуфузи нирӯҳои худдифои Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ номгузорӣ шуда буд.  Баъди кушта шудани Алёша – Горбун дар моҳи декабри соли 1994 роҳбарии афроди ӯ ва маҳаллаи “Хлебзавод” ба дасти додараш Толиб Аёмбеков гузашта буд.

Толиб Аёмбеков, ки яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафт, рӯзи 11 июни соли 2022 боздошт шуд. Ба дунбол, писари ӯ Абдураҳмон Асаналиев 6 автомату 1 гранатомёт ва миқдори муҳими силоҳу муҳимотро ба мақомот супурд ва гуфт, падараш аз зиндон занг зада, ба вай амр додааст, ки “бачаҳо силоҳҳоро меоранд, онро ҷамъ карда, ба амният супоред”.

Алёша – Горбун дар таърихи навини Бадахшон ва Тоҷикистон як шахсияти пурафсона ба шумор меравад.  Муносибат ҳам ба шахси ӯ яксон нест. Бархе ӯро “боевик” ва “наркобарон” мешуморанд, бархеи дигар қаҳрамон меноманд ва мегӯянд, ӯ фоидаеро, ки аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ба даст меовард, барои мардум сарф мекард.

Абдуламон Аёмбеков ҳамагӣ 1 метру 55 см қад дошт ва кӯзапушт буд ва ба ҳамин далел, лақаби Горбун (Кӯзапушт) ба вай додаанд. Ӯ риштаи муҳосибии Донишгоҳи давлатиро хатм карда, то соли 1992 дар буфети фабрикаи дӯзандагии шаҳри Хоруғ ба ҳайси буфетчӣ кор мекард.

Толиб Аёмбеков

Бародараш Толиб Аёмбеков дар бораи ӯ чунин нақл мекард: “Алёш аз хурдӣ бачаи боҳуш, камгап ва ҷиддӣ буд. Мо ҳатто метарсидем бо ӯ зиёд сӯҳбат кунем”. Ҷиддияти Алёш ба хуруҷи бемории миёнаш рабти танготанг дошт. Бо сабаби ин беморӣ ӯ ба кӯзапушт гирифтор ва лақаби “Горбун”-ро соҳиб шуд. Бо ин иллат, вай бештари айёми кӯдакиашро дар беморхонаҳои пойтахт сипарӣ намуд, аммо мутаассифона, бемориаш табобатнашаванда буд. Ягона фоидаи ин сафарҳои тӯлонӣ барои Алёш ин буд, ки тавонист забони русиро ба пуррагӣ аз худ намояд. Беморӣ ва машаққати зиёд иродаи ӯро тақвият бахшид ва донистани хуби забони русӣ бошад, ӯро ҳамчун одами босавод муаррифӣ мекард. Ба хотири ин авсоф Алёш соҳиби эҳтиром дар мактаб, кӯчаи худ ва баъди чанде дар тамоми шаҳр гардид”.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Бадахшон паноҳ овардани ҳазорон нафар аз зодагони ин вилоят, Алёша – Горбун ба яке аз лидерҳои ғайрирасмии минтақа табдил ёфта, фармондеҳии нирӯҳои худдифоии Бадахшон ва ҳам масъулияти ҷобаҷо кардану бо ғизо таъмин кардани мардум, аз ҷумла гурезаҳоро ба дӯш гирифт.

Ӯро “Пабло Эскобари тоҷик” ном мебурданд ва мегуфтанд, пулҳое, ки Алёша – Горбун барои хӯрду хӯроки сокинони Бадахшон сарф мекунад, аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир аст.  Ӯ фақат боре ба журналисти рус Мумин Шокиров, муаллифи китоби “Наркобизнес дар Русия” иқрор кардааст, ки “ман дигар ҳеҷ роҳе надорам. Агар ин корро накунам, мардумам аз гуруснагӣ мегирад. Маро гоҳе Пабло Эскобарои тоҷик меноманд ва фикр мекунанд сарвати азиме дорам. Аммо шумо худ шоҳидед, ки мо дар чи шароит ба сар мебарем. Тамоми пули дарёфткардаи мо барои озуқаву силоҳ масраф мешавад. Ва боз танқисӣ ҳам мекашем…”

7 декабри соли 1994 Алёша – Горбун ҳамагӣ ду рӯз баъд аз даъваташ ба супурдани силоҳҳо ба таври мармуз дар як сӯиқасди мусаллаҳона бо истифода аз минае, ки ба сурати фосилавӣ идора мешуд, ба ҳалокат расонда шуд. Минаро дар як санг дар наздикии ситоди нирӯҳои худдифоии Бадахшон дар шаҳри Хоруғ гузошта буданд.

 Холбаш Холбашев – қумандони дигари бадахшонӣ, ки дар ҳодисаҳои охир ӯ ҳам мисли Толиби додари Горбун боздошт шуд,  он рӯзро чунин ба ёд меорад: “Алёш, Маҷнун ва ман ҳамеша якҷо будем. Мо бисёр вақт аз ситод берун шуда, назди санги калоне, ки зераш мина гузоштанд, таваққуф мекардем. Ташкилкунандагони сӯиқасд ин одати моро медонистанд. Аммо дар арафаи он таркиш миёни мо нофаҳмие ба миён омад. Мо бо асабоният ба ҳар сӯ пароканда шудем. Рӯзи дигар ман ба Рӯшон мерафтам. Дар наздикиҳои фурудгоҳ Алёшро дидам. Мо ба ҳамдигар ишорате намуда, ҳар кадом ба роҳи худ идома додем. Баъд аз расидан ба Рӯшон ба ман хабар доданд, ки Алёшро куштанд”.

Бархе дар қатли ӯ фармондеҳи вақти мухолифин Ризвон Содировро айбдор мекарданд, чунки Алёша – Горбун монеи дар ҳудуди Бадахшон, ба қавле, “беспределӣ” кардани афроди Ризвон, аз ҷумла бародараш Ҷумъа шуда буд. Вале мухолифин инро рад мекарданд ва мегуфтанд, минае, ки ба воситаи он Горбунро куштанд, 70 ҳазор доллар нарх дорад, ки истифодаи чунин силоҳи гаронбаҳо берун аз тавони онҳост.

Бино ба фарзияи дигар, Алёша – Горбунро ниҳодҳои вижаи Русия аз байн бурданд, чунки муносибатҳои  ӯ бо марзбонҳои рус дар Хоруғ ва атрофи он низ тезутунд буд. Соли 1995 дар барномаи “Дар зери ниқоб” (“Под маской”) дар ТВ Русия, яке аз кормандони хадамоти ҷосусӣ, ки дар рӯяш ниқоб кашида, суҳбат мекард, изҳор дошт, ки Алёшро маҳз ӯ куштааст.

Бо ин ҳама, бо гузашти қариб 28 сол, асрори марги Алёша – Горбун ҳамчунон пушти пардаи розҳо боқӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button