ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАСАДИ ЯК МАРДРО АЗ КАНАЛИ ВАРЗОБ ВА ЯК КӮДАКРО АЗ ЗЕРИ ПУЛИ БОХТАР ЁФТАНД (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 20 июн аз канали дериватсионии Варзоб дар кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоли Сомонӣ ҷасади як марди шахсияташро номаълумро пайдо карда, аз об берун овардаанд.

Бино ба ин манбаъ, шоми 20 июни соли 2022, соати 19:54 нозири милитсияи минтақавӣ ба навбатдори фаврии Раёсати ҳолатҳои фавқулоддат шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар дохили канали дериватсионии Варзоб, ки аз кӯчаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ убур мекунад, ҷасади як шахси номаълум намудор шудааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсат ба ҷои  ҳодиса сафарбар гардида, ҷасадро, ки як марди ба тахмин 35-40-сола будааст, аз об берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, шахсияти ғарқшуда ва сабабҳои фоҷеа ҳанӯз маълум нест.  Мақомот ба тафтиши ҳодиса оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 20 июн Парвиз ТВ бо нашри як видео хабар дод, ки ҷасади беҷони як кӯдаки нӯҳсола, ки 20 рӯз боз дар кофтуков буд, аз зери пул дар шаҳри Бохтар ёфтанд. Тафсилоти дигар оварда нашудааст, вале Парвиз ТВ хитол ба волидон навиштааст: Падару модарони азиз! Фарзандони худро беназорат нагузоред. Дар ин гармиҳо кӯдакон бисёр ба сари об мераванд.

Ёдовар мешавем, як рӯз қабл  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини 36-солаи деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷасорат ва талоши камназир ҷони ду бонуи ҷавонро аз хатари ғарқ шудан дар оби рӯди Элок наҷот додааст. Ин ҷавонмард, ки Алиҷон Тоҷибоев ном дорад, рӯзи 19 июни соли 2022 ҳангоми сайругашт дар соҳили Элок чашмаш ба духтароне меафтад, ки дар об ғарқ мешуданд. Ӯ фурсатро аз даст надода, худро зуд ба об ҳаво дод ва тавонист ҳарду духтарро аз марги ногузир наҷот диҳад. Маълум шудааст, ки ду духтар аз деҳаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке 21-сола ва дуюмӣ 17-сола будаанд, рӯзи якшанбеи 19 июн дар соҳили Элок сайр мекарданд. Замоне, ки лаби дарё нишаставу саргарми суҳбат буданд, об кафшҳои пояшонро мебарад. Онҳо, бо вуҷуди онки шиновариро наметавонистанд, барои ба даст овардани пойафзолашон вориди об шудаанд ва маҷрои дарё ҳардуро бо худ бурдааст.

Ҳамчунин ҳамон рӯзи 19 июн сокини 22-солаи деҳаи Фалакони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми моҳигирӣ дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Ин ҷавони 22-сола рӯзи 19-уми июн аз хона ба қасди моҳигирӣ баромада, ба самти дарёи Кофарниҳон ҳаракат кардааст. Шаҳрванд аз соҳил ба соҳили муқобил гузаштаву машғули моҳидорӣ шудааст. Соати тахминан 14:30 баъди анҷоми моҳидорӣ ин ҷавон дубора хостааст ба соҳили аввала баргардад ва ба хонааш раҳсипор шавад. Ӯ вақте ғарқ шудааст, ки то расиданаш ба соҳил ҳамагӣ ду метр монда буд. Сабаби ногаҳон ғарқ шудани ҷавон, ки шиновариро хуб метавонист,  маълум нест. Ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Бино ба омори КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон алакай ҳудуди 60 нафар, аз ҷумла 30 кӯдаки синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button