ВидеоТоҷикистонҶомеа

ФОТИМА, ЗӮҲРО, АНИСА ВА МӮНИСА: ЯК ЗАН АЗ ЧОРКӮҲ ЧОРГОНИК БА ДУНЁ ОВАРДААСТ!!!

Сокини 27-солаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара Мавзуна Сангинова рӯзи 10 июн дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд чоргоник чор духтар ба дунё овардааст! Онҳоро Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном кардаанд. Манбаи асосии даромади ин оилаи хушбахт аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ буда, шавҳари Мавзуна Сангинова ба ин далел, то ҳол фарзандони чоргоникашро надидааст – падари хушбахт ҳанӯз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

Хабари таваллуди чоргоник дар як оилаи ҷавон аз ҷамоати Чорркӯҳро рӯзи 21 июни соли 2022 бо такя ба шабакаи телевизионии СМ-1  хабаргузории  Сугднюс нашр кард.

Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, ки Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯнисаро бо усули буриши қайсарӣ (кесарево сечение) аз батни модар гирифтаанд.

 “Ин занро рӯзи 10 июн, тахминан соати 11.30 ба таваллудхонаи мо оварданд.  Ҳамон рӯз ба далели вуҷуди патологияҳо ҷарроҳии буриши қайсарӣ анҷом дода шуд. Чор духтар бо вазнҳои 1600, 1080, 1300 ва 1180 грамм ба дунё омаданд. Рӯзи аввал вазъи тифлони навзод вазнин арзёбӣ мешуд, чунки онҳо норасид ба дунё омаданд. Онҳоро дар кувез (инкубатор барои нигоҳубини навзодон) ҷой кардем. Ҳоло вазъи ҳам модару ҳам тифлонаш хуб аст. Онҳо таҳти нигоҳубини бодиққати табибон қарор доранд”, – гуфтаанд роҳбарони таваллудхона.

Мавзуна Сангинова як писари 5-сола дошт ва акнун якбора модари 6 фарзанд шуд.

Маъруф Набиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба хабаргузории Суғднюс хабари таваллуди чоргоникро тасдиқ карда, гуфт: “Бобои навзодон алакай ба мо барои дуруст кардани шаҳодатномаҳои таваллудашон муроҷиат кард. Вале азбаски таваллудхона ҳанӯз санади таваллуд надодааст, мо наметавонем зоднома диҳем”.

Маъруф Набиев афзуд, ки баъди аз таваллудхона баровардани навзодон, маъмурияти ҷамоат ба ин оилаи хушбахт ҳатман кумак хоҳад кард.

Таваллуди сегонику чоргоник ё панҷгоник дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меуфтад.

Дар аввали соли 2021 Сарвиноз Аскарова ва Далер Файзуллоев соҳиби якбора чор фарзанд

– ду писару ду духтар шуда, онҳоро Фотима, Зӯҳро, Ҳасан ва Ҳусейн ном гузоштанд.

30 декабри соли 2019, дар арафаи Соли нав Дилноза Мамадова аз деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён бори аввал дар Тоҷикистон панҷгоник  – ду писару се духтар ба дунё овард. Онҳоро Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадиҷа ва Кибриё ном гузоштанд. Ҳукумати вилояти Хатлон барои ин тифлони панҷгоник чанд ҳуҷраи иловагӣ сохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button