ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ДМИТРИЙ МУРАТОВ МЕДАЛИ ҶОИЗАИ НОБЕЛАШРО $103,5 МЛН ФУРӮХТ ВА ҲАМАИ ИН ПУЛРО БА КӮДАКОНИ УКРАИНА ХАЙР КАРД (ВИДЕО)

Медали барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2021 сардабири нашрияи русии “Новая газета” Дмитрий Муратов рӯзи 20 июн, дар Рӯзи байналмилалии гурезаҳо  дар ауксион ё музоядаи  Ҳеритейҷ (Heritage)  дар Ню-Йорки Амрико бо нархи бесобиқаи 103 миллиону 500 ҳазор доллар фурӯхта шуд.

Ҷараёни музояда, ки маркази матбуоти New York Times  дар Манҳэттен доир шуд, дар сомонаи музоядаи Ҳеритейҷ ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Ҳеритейҷ дар як баёния гуфт, тамоми пули аз фурӯҳи медали Муратов бадастомада ба хотири кумак ба кӯдакон дар Украина ва кишварҳои атрофи он ба Сандуқи кӯдаки Созмони Милал (ЮНИСЕФ)  интиқол дода хоҳад шуд. Як қисми ин пулҳо барои кумак ба гурезаҳои украинӣ сарф хоҳад шуд.

Қабл аз шурӯи музояда аз Дмитрий Муратов дигарбора пурсиданд, ки оё ӯ дар ҳақиқат мехоҳад медалашро бифурӯшад? Ӯ тасдиқ кард ва медалро бо нархи ибтидоии 700 ҳазор доллар ба фурӯш монданд. Алакай баъди чанд дақиқа қимати онро харидорон то 16 миллион боло бурданд. Вале баъди ин як нафари номаълум тавассути телефон барои медали Муратов 103 миллиону 500 ҳазор доллар пешниҳод кард, ки дигар касе ин нархро зада натавонист ва бо ҳамин музояда ҷамъбаст шуд.

Нархе, ки медали Муратов фурӯхта шуд, дар таърихи медалҳои ҷоизаҳои Нобел собиқа надорад. То кунун нархи аз ҳама баланд 4 миллиону 760 ҳазор доллар буд, ки соли 2014 дар музоядаи Кристиз (Christie’s) барои медали барандаи Ҷоизаи Нобел биологи амрикоӣ Ҷемс Уотсон доданд. Уотсон ҷоизаи Нобелро барои кашфи таркиби молекулаи ДНК ба даст оварда буд.

Медалҳои  ҷоизаи Нобел бо акси муассиси ин ҷоиза зиннат ёфта, 175 грамм вазн доранд ва ҳаҷми тилло дар таркиби он 18 қирот (карат)-ро ташкил медиҳад.

Дмитрий Муратов, ки худашу нашрияаш дар Русия барои ошкоргӯияшон таҳти таъқибу фишори доими мақомот қарор доранд, моҳи октябри соли 2021 ҳамроҳ бо хабарнигори филиппинӣ Мария Ресса “барои талошҳояшон дар амри ҳимоят аз озодии баён, ки заминаи демократия ва сулҳи собит аст” сазовори Ҷоизаи сулҳи Нобел дониста шуданд. Муратов алакай моҳи декабр эълон кард, ки тақрибан ҳамаи маблағи пулии ҷоизаашро, ки беш аз 40 миллион рублро ташкил медод, ба сандуқҳои хайрия  ва барои кумак ба журналистон тақсим мекунад.

1 июни соли 2022, дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон Муратов дар Telegram-канали “Новая газета” эълон кард, ки медали ҷоизаи Нобелашро ба фурӯш гузошта, тамоми пули аз фурӯши он бадастомадаро барои кумак ба кӯдакони Украина равон мекунад.

Дмитрий Муратов, ки 60 сол дорад, яке аз асосгузорони “Новая газета” ба шумор рафта, аз соли 1995, инак 27 сол боз сардабири ин нашрия аст. “Новая газета” бо гузоришҳои таҳқиқотии худ дар бораи мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Русия ном баровардааст.

28 марти соли  2022, ҳамагӣ як моҳ баъди оғози ҷанги Русия ба зидди Украина ва боз ҳам шадидтар шудани фишори мақомот болои матбуоти мустақил,  “Новая газета” аз идомаи чоп даст кашид. Ин тасмим дар пайи дарёфти ҳушдори дуюми Роскомнадзор гирифта шуд. Як гуруҳи кормандони нашрия тарки Русия карда, дар хориҷ нашрияеро бо номи “Новая газета. Европа” ба роҳ андохтанд. Вале алакай рӯзи 29 апрел Роскомнадзор дастрасӣ ба сомонаи онро ҳам дар қаламрави Русия маҳдуд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button