ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ТАРКИШИ НАЗДИ КИНОТЕАТРИ “ВАТАН” СЕ НАФАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари таркиши балони газ ва сӯхтори субҳи 20 июни соли 2022 дар  дохили қахвахонаи  “Лола”, воқеъ  дар хиёбони  Рӯдакӣ, бинои № 13/1, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  3 нафари синнашон аз 20 то 36 ҷароҳат бардоштаанд. Қаблан ВКД Тоҷикистон маҷруҳ шудани танҳо як нафарро тасдиқ карда буд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, “Як нафари ин ҷароҳатбардоштагон сокини ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат буда, 20 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ки яке 32-сола ва дуюмӣ 36 сола мебошанд.  Ҳамаи онҳо ба беморхонаи марказии №3-и шаҳри Душанбе интиқол ва бистарӣ карда шуданд”.

Субҳи 20 июни соли 2022, соати 09:20 дар қаҳвахонаи “Лола”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 13 (паҳлуи кинотеатри “Ватан”) балони гази моеъ таркида, дар пайи он дар даруни қаҳвахона дар масоҳати 5 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.

Дар видеое, ки шоҳидон ба Парвиз ТВ фиристоданд, дида мешуд, ки аз даруни қаҳвахона дуд берун меояд ва бар асари таркиш шишаҳои он шикаста, рӯи кӯча пур аз шишапора шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ “риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ”-ро сабаби таркиш балони газ дар қаҳвахонаи “Лола” номид.

ВКД гуфт, қаҳвахонаи “Лола” ҳоло  ба соҳибкор Муродалиев Додхоҳ Саидқулович, санаи таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад. Ин қаҳвахонаи воқеъ дар паҳлуи кинотеатри “Ватан” дар замони Шӯравӣ аз маҳбубтарин қаҳвахонаҳои пойтахти Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ба вижа бо яхмоси болаззату бо табакааш ном бароварда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button