ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ТАРКИШИ БАЛОНИ ГАЗ ДАР ҚАҲВАХОНАИ “ЛОЛА” ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Субҳи 20 июни соли 2022, соати 09:20 дар қаҳвахонаи “Лола”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 13 (паҳлуи кинотеатри “Ватан”) балони гази моеъ таркида, дар пайи он дар даруни қаҳвахона дар масоҳати 5 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст.

Дар видеое, ки шоҳидон ба Парвиз ТВ фиристодаанд, дида мешавад, ки аз даруни ин қаҳвахона дуд берун меояд ва бар асари таркиш шишаҳои он шикаста, рӯи кӯча пур аз шишапора шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ “риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ”-ро сабаби таркиш балони газ дар қаҳвахонаи “Лола” номида, гуфт, дар натиҷаи ин ҳодиса як шаҳрванд  ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст, вале фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидон дар бораи ҷароҳат бардоштани 4 нафар хабар дод.

ВКД гуфт, сӯхтор аз тарафи оташнишонон ба зудӣ дар масоҳати аввалааш, яъне ҳамон 5 метри мураббаъ хомӯш карда шуд. Акнун мақомоти сӯхторнишонӣ ва додситонии Душанбе ба санҷиши сабабҳои таркишу сӯхтор дар ин қаҳвахона пардохтаанд.
ВКД гуфт, қаҳвахонаи “Лола” ҳоло  ба соҳибкор Муродалиев Додхоҳ Саидқулович, санаи таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад. Ин қаҳвахона дар замони Шӯравӣ аз маҳбубтарин қаҳвахонаҳои пойтахти Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ба вижа бо яхмоси болаззати худ ва ҳам бо табакаҳое, ки ошпази номиаш акаи Саидаҳмад мепухт, ном бароварда буд.

Қаҳвахонаи “Лола”. Акс аз Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button