ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НОҲИЯҲОИ ҶОМИЮ БАЛХӢ ВА ДАР РОҲИ ДЕҲМОЙ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 20 июни соли 2022 хабар дод, ки тайи рӯзҳои 17 ва 18 июн дар се садама дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Ҷ.Балхӣ ва дар роҳи  Конибодом-Деҳмой се нафар, аз ҷумла ду пиёдагарди яке 64-сола ва якеи дигар ҳамагӣ сесола ва як ронанда ҳалок шудаанд.

Аз ҷумла 18-уми июни соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ЗИЛ ММ-4502», Бобоҷонзода Муҳамаддовуди Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хӯрдсол, Бурҳонзода Нозия Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол, Бурҳонзода Н.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон 18-уми июни соли 2022, тахминан соати 18:30,  ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Зуҳуров Фарух Шарипович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой» дар 83-ум км, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, автомашинаро ба тарафи рости роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин 17-уми июни соли 2022, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Хуранов Раҷаб Нуралиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи зикргардида дар ҳудуди ноӽияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард, Мирзоев Тоҷиддин Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1958, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, Мирзоев Т.Р ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button