ВидеоКоррупсия

КОРМАНДИ МБТИ ДАР СУҒД БА ГИРИФТАНИ 7 ҲАЗОР СОМОНИ “МУКОФОТ” АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 июни соли 2022 хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Ҳамза Ҷумъазода,  сардори шуъбаи барӯйхатгирии техникии корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (собиқ МБТИ) дар ноҳияи Б.Ғафуров сипас дар шаҳри Конибодомро баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст.  Ҷумъазода бар асоси бандҳои “в” ва “г”,  қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон ба қаллобӣ ва бар асоси қисми якуми моддаи 324 ба гирифтани “мукофот” бо роҳи тамаъҷӯӣ айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ҷумазода Ҳамза дар вазифаи сардори шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Б.Ғафуров сипас дар ҳамин вазифа дар шаҳри Конибодом кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ҳамчун хизматчии корхона аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан дар ҳуҷҷатгузории шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва гирифтани қарори эътироф намудани соҳибмулкии манзили истиқоматиаш дар  маҷмуъ маблағи 7000 сомонӣ ҳамчун мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ талаб карда, гирифта, онро ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накардааст”.

 Муассиссаҳои корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (собиқ МБТИ), ки дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон масъулияти дурусту қонунӣ кардани асноди марбут ба молу мулки шаҳрвандонро бар уҳда доранд, аз ҷумлаи фасодзадатарин идораҳо дониста мешаванд. Ҳар сол чандин корманди МБТИ бо ҷурми гирифтани пора, ё ба таъбири ҳуқуқӣ, “мукофот” аз корафтодагон дастгир мешаванд. Вале дар аксари мавридҳо онҳо бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мехӯранд ва баъзан ҳатто ба ҷои кори пештараи худ бармегарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button