ВидеоИлму фанноварӣФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ҲОМИД МАҶИДЗОДА, КИ МЕГУФТ: ХАТТИ ФОРСӢ ТОҶИКҲОРО БОЗ ҲАМ БЕСАВОДТАР МЕКУНАД

Профессор Ҳомид Маҷидзода,  забоншиноси маъруфи тоҷик шаби 20 июни соли 2022 дар синни 85 аз олам чашм пӯшид.  Марги профессор Маҷидзода дар ҳолест, ки тоза рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85-солагиаш як ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд. Марҳум бардаму солим буд ва дар ин ҳамоиш ширкат ва суханронӣ кард.

Сироҷиддини Эмомалӣ, декани факултети филологияи тоҷик дар суҳбат ба pressa.tj даргузашти профессор Ҳомид Маҷидовро тасдиқ ва марги ӯро талафоти калон ба илми тоҷик арзёбӣ кард:

“Муаллим то дирӯз, бо вуҷуди пиронсолӣ бардаму солим буданд. Санаи 16 июн дар ҳамоиши илмӣ ширкат доштанд. Шаби 19 ба 20 июн аз ҷон ба ҳақ супориданд”, – гуфт, ӯ.

Сироҷиддини Эмомалӣ хабар дод, ки маросими видоъ бо профессор Ҳомид Маҷидзода то зуҳри имрӯз дар назди хонааш (маҳаллаи 33,  назди  БДА) ва намози ҷанозаи марҳум баъд аз намози пешин дар масҷиди маҳаллаи 33 (назди корхонаи ДОАРЗ) баргузор мешавад. 

Ҳомид Маҷидзода аз мухолифони сарсахти бозгашт ба алифбои ниёгон буд ва дар охирин мусоҳибааш, ки тоза рӯзи 13 июни соли 2022, ҳамагӣ як ҳафта қабл аз маргаш дар сомонаи Рressa.tj  ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр шуд, изҳор дошт, ки бозгашт ба ҳуруфоти арабиасоси форсӣ мардуми Тоҷикистонро бесаводтар мекунад.

Дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи гузаштан ба хатти форсӣ Маҷидзода гуфт:

“Дар ин маврид соли 2017 таҳти унвони “Даъвои дасисаангез” мақолае навишта будам, ки он дар “Тоҷикистон” чоп шуда буд. Дар ҳамон мақола ақидаҳоямро гуфтаам. Хати арабӣ, яъне хати ниёгон — ин хати якуми мо нест, балки яке аз хатҳои гузаштаи мост. Аз хати арабӣ пештар мо хати оромӣ доштем, аз он қадимтар хати мехӣ ва қаблан шояд хатҳои дигар. Дар бораи хати арабӣ баҳсҳо зиёданд. Байни арбобони дин, намояндагони воломақом ва олимон борҳо дар ин маврид баҳсу мунозираҳо сурат гирифтааст. Ба ин масъала зиёдтар забоншиносони номвар Амонов ва Ғаффоров машғул шуда, “26 айби хати арабӣ”-ро ошкор карда буданд. Бинобар ин, ин хат камбудиҳои зиёд дорад. Агар мо ба ин хат баргардем, бо ҳама камбудиҳояш бармегардем. Онро тағйир ва такмил дода наметавонем. Зеро он хати “Қуръон” аст. Хати “Қуръон”-ро тағйир додан мумкин нест. Ба он хат гузаштани мо ба мо фоида намеорад. Мардуми на он қадар босаводи мо якбора бесавод мешавад.”

Ҳомид Маҷидзода (Маҷидов) 15 июни соли 1937 ба дунё омадааст. Ӯ соли 1995 сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ ва соли 1996 соҳиби унвони профессор шуд. Соли 1997 Маҷидзода унвони Корманди шоистаи Тоҷикистонро ҳам ба даст овард.

Як риштаи умдаи корҳои илмии профессор Маҷидзода назарияи фразеология (таъбирот)-и забони тоҷикӣ буда, ӯ ҳамчунин, ба масъалаҳои мубрами луғат, сарф, савтиёт, имло ва услубиёти забони муосири тоҷикӣ машғул шудааст. Аз Ҳомид Маҷидзода  чандин китоб, аз ҷумла “Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик” (1982), “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” (2006), “Инъикоси воқеият дар воҳидҳои фразеологии забони адабии тоҷикӣ” (2002), “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” (2006), “Забони адабии муосири тоҷик” (2007), “Истиқлол ва забони давлатӣ” (2011), “Фасоҳати сухан ва интихоби маънои дақиқ” (2012), “Сеҳри сухани форсӣ-тоҷикӣ” (2014) ба ёдгор монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button