АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

АМРИКО ШОЯД АВИАТСИЯИ АЗ АФҒОНИСТОН ГУРЕЗОНДАШУДАРО БА ТОҶИКИСТОН ТУҲФА КУНАД

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонанд чархболу ҳавопаймоҳоеро, ки Вашингтон ба ҳукумати қаблии Афғонистон туҳфа карда буду пилотҳои афғон ин чархболу ҳавопаймоҳоро дар арафаи ба дасти Толибон суқут кардани ҳукумат ба Тоҷикистон гурезонданд, ба худи Тоҷикистон туҳфа кунад. Ин суханонро фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Майкл Курилла баён дошт. Генерал Курилла ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи 15 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо як силсила аз роҳбарони аввали ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт.

Моҳи августи соли 2021 ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон, қудратро дар он кишвар боз ба дасти худ гирифтанд. Дар он рӯзҳо даҳҳо пилоти афғон ҳамяроқон ва бархе занону фарзандони худро ба чархболу ҳавопаймоҳо бор карда, аз Афғонистон рӯ ба фирор оварданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки танҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, ду ҳамсояи шимолии Афғонистон, беш аз 60 чархболу ҳавопайморо “гурезондаанд”. Шумораи дақиқи авиатсияи ба Тоҷикистон овардашуда дар ягонҷо эълон нашудааст, вале моҳи октябри соли 2021 Амрико 191 халабони афғон ва аҳли хонаводаи онҳоро аз Тоҷикистон ба кишварҳои амни сеюм интиқол дода буд.

Режими нави Толибон дер боз талаб дорад, ки кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳавопаймоҳову чархболҳои ба ин кишварҳо гурезондашударо ба Кобул баргардонанд.

Вале генерали амрикоӣ Майкл Курилла изҳор дошт, ки ин чархболу ҳавопаймоҳо дақиқан ба Афғонистон баргардонда намешаванд, чунки, ба таъбири ӯ, “онҳо моли Толибон нестанд”.

Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико  аз Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори сипос кард, ки  “то имрӯз амнияти ин ҳавопаймоҳову чархболҳоро таъмин карданд”. Ӯ афзуд, “Амрико бо ҳукумати Тоҷикистон барои пайдо кардани беҳтарин роҳу шеваи муассири истифодаи онҳоро кор карда истодаанд”.

Генерал Майкл Курилла ҳамчунин гуфт: “Мо умедворем, ки битавонем як қисм ё ҳамаи ин ҳавопаймоҳову чархболҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон бидиҳем. Ман ҳанӯз ягон замони мушаххасро гуфта наметавонам, вале мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ки ин кор сурат бигирад”.

Ин изҳороти фармондеҳи баландпояи Амрико ба эҳтимоли ғолиб норозигии шадиди ҳокимони нави Афғонистонро ба бор хоҳад овард.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720299824138/with/52148643703/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button