МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 280 КИЛО НОС АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ФУРУДГОҲИ КРАСНОЯРСК

Аз аввали соли 2022 кормандони боҷхонаи фурудгоҳи шаҳри Красноярски Русия аз 235 мавриди қочоқи маҳсулоти тамоку ва машрубот пешгирӣ кардаанд. Аз ин шумор дар 218 маврид аз кӯшишҳои ғайриқонунӣ гузарондани маҳсулоти тамоку, асосан нос, ҷилавгирӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, аз мусофироне, ки асосан аз Тоҷикистону Ӯзбекистон меомаданд, 280,5 кило нос ва 2400 дона сигори бештар аз меъёр гирифта шуда, нисбат ба қонуншиканҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Боҷхонаи Красноярск гуфт, ин ҳама носро мусодира карда, носкашҳоро ҷарима бастаанд.

Қаблан Татяна Красавина, сухангӯи боҷхонаи Иркутск  хабар дод, ки кормандони гумрук ё боҷхонаи фурудгоҳи шаҳри Иркутск дар семоҳаи аввали соли 2022 аз 125 мавриди кӯшиши қочоқи ғайриқонунии маҳсулоти тамоку пешгирӣ кардаанд. Аз ҷумла аз мусофироне, ки аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Иркутск меомаданд, 173 кило нос ва беш аз 2200 дона сигор ёфта ва гирифта шудааст.

Дар робита ба ин қазияҳо бар асоси қисми якуми моддаи 16,2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Русия дар маҷмӯъ 115 парвандаи маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ба Русия ворид кардани нос ва 20 парвандаи маъмурии дигар бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ворид кардани сигор тартиб додаанд.

Денис Мохирев, сардори боҷхонаи фурудгоҳи Иркутск дар шарҳи ин қазияҳо гуфт:  “Ҳар навъ тамоку, сигор, сигара ва дигар маҳсулоти тамоку ҳангоми ворид кардан аз хориҷ бояд ҳатман эъломия карда шаванд. Ҳар шаҳрванди синнаш аз 18 боло метавонад барои истифодаи шахсӣ ба қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё 200 сигор, ё 50 сигара ваё то 250 грамм тамоку ваё дар маҷмӯъ то 250 грамм маҳсулоти тамоку ба сари ҳар нафарро ворид кунад”.

Ин 173 кило нос ва 2200 сигори аз мусофирони тоҷику ӯзбек ёфтшуда бо қарори додгоҳ мусодира карда шуда, қонуншиканҳо ҷарима баста шудаанд.

Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст.

Зоҳиран баъди дидани чунин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд. Бар асоси қонунҳои нав, маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) манъ карда шудааст.

Вале бо ин вуҷуд, муҳоҷироне, ки нос мекашанд, ҳангоми сафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия кӯшиш мекунанд, ки бо худ захираи носашонро ҳам баранд, чунки нос нисбат ба сигор, ки нархаш торафт ба осмон дакка мехӯрад, хеле арзонтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button