ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОРИ АВВАЛ ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН ИЗҲОРИ НАЗАР КАРД ВА ГУФТ: МАН ХУДАМ ФАРМОН ДОДАМ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июни соли 2022, дар ҷараёни машварати корӣ бо роҳбарони фаъолони вилояти Хатлон бори аввал дар бораи ҳаводиси ахири хунини Бадахшон ихҳори назар кард ва эътироф кард, ки баъди роҳи байналмилалиро бастани издиҳом,  ӯ худаш ба мақомоти қудратӣ фармон додааст, ки яроқбадастонро безарар ё дастгир кунанд. Ӯ гуфт, лаҷоми лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро ахиран “хоҷагони хориҷӣ” ба дасти худ гирифта, онҳоро 26 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карданд. “Ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом! Ва хоҷагонаш”  гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботро аз ҷояш баланд карда буд, гуфт:

“Он чӣ, ки шуд, онҳо мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нестанд. Аз номи мардум баромад мекарданд, вале  дуздӣ буд. Ягон гуноҳ надорад мардуми Бадахшон.

Ман доимо гуфтам вв имрӯз ҳам такрору ба такрор мегӯям: Агар мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро аз солҳои 90 дастгирӣ намекарданд, мову шумо ба ин рӯзҳо намерасидем.

Онҳо як гуруҳи кӯчак буданд, ҷинояткорон, ки номбар кардед шумо. Ҳаминро ҳам ман кӯшиш кардам тайи 30 сол. Дар як шаҳри Хоруғ қариб 30 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Он чанд нафаре, ки вай карданд, шумораашон ангуштшумор аст. Онҳо аз номи мардум фақат сӯиистифода мекарданд. Онҳо симои мардуми Бадахшон набуданд. Набуданд, нестанд!

Ҳамин чизро мо бояд доимо дар муносибатамон ҷудо кунем. Ман шахсан ҳамин хел ҷудо мекунам. Тоҷикҳо ҳама кӯҳистонӣ аст, мардуми ҳам эҳсосотӣ аст, ҳам дилҳои пок доранд.  Чизе,  ки бошад мегӯянд, вале дилҳояшон пок аст.

Зиёда аз 15 маротиба ман онҳоро афв кардам. Кӯшиш кардам, ки фақат бо роҳи тарбият кардан, бо роҳи осоишта онҳоро ба ҳаёту зиндагии муқаррарӣ баргардонем. 30 сол!

3-4 ҳазор силоҳу муҳимоти ҷангӣ гирифтагием дар ин 30 сол. 3-4 ҳазор!

Вақте ки корҳои охирон карданд, мо маълумот доштем, инҳоро лаҷомашонро хоҷаҳои хориҷӣ ба даст гирифтанд. Дар як муддати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузориашон карданд. 26 миллион! Ҳамин гуруҳҳо! Ва роҳбариашон мекарданд аз хориҷа. Ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом! Ва хоҷагонаш. Ҳамон! Ҳадаф, мақсад – табаддулот кардан!

Шумо шоҳид, ки мо бо онҳо то ҳадди имкон гуфтушунид кардем. Як ҳафта зиёд роҳ маҳкам буд. Як ҳафта зиёд! Роҳи байналмилалӣ! Аз ду қисмат! Ин бар асоси кадом қонун буд?  Инро на Конститутсия, на ягон қонуни амалкунанда иҷозат намедиҳад.

Рӯшонро вай карданд. Яъне 220 ҳазор мардумро дар изолятсия қарор доданд. Як ҳафта баъд нарху наво дар Хоруғ ба осмон мерафт. Медонед, ки бор асосан аз қисмати ҷануб ворид мешуд. Дар ҳамин ҳолат ҳам ман то ҳадди имкон равон кардам барои гуфтушунид.

Дар Рӯшон, худат шоҳид ҳастӣ, раиси ноҳияро лат карданд, муовини раиси ноҳияро, зани тоҷикро заданд бо мушт. Оё мард ба зан мушт мебардорад? Ва бинед, ки вақти гузаштани колонна тирпарронӣ карданд, 13 нафар кормандони амниятро ярадор карданд, як каси дигар талаф шуд.

Хайр, дигар илоҷи дигар набуд. Мо медонистем, ки онҳо яроқу аслиҳа ва ҳама чӣ доранд, пулҳоро метарконданд дар Рӯшон. Хайр, ман амр додам, ки бинед, то ҳадди имкон яроқбадастонро безарар гардонед ё ки дастгир кунед.

Ва он ҳам ҳоло ба хайр. Чунки дидед, ки дар шаҳри Хоруғ амалиёти ҳарбӣ намондам гузарондан. Намондам! Ҳамааш бо роҳи бисёр касбияти баланд анҷом шуд. Чунки ин функсия ва вазифаи давлат аст: таъмини амнияти шаҳрвандон, таъмини амнияти миллӣ, таъмини амнияти давлат. Ин функсия ва вазифаи давлат аст ва роҳбари давлат! На каси дигар!

30 сол! Ин беохир намешавад! Дер мешуд, дер! Талаботу корҳои онҳо дигар буд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button