ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ҶАВОБИ МУҲИДДИН КАБИРӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АГАР МО 26 МИЛЛИОН МЕДОШТЕМ… (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 18 июни соли 2022, бори аввал дар бораи ҳаводиси ахири хунини Бадахшон дар маҳзари ом изҳори назар кард, дар ин ҳаводис низ ангушти иттиҳом ба сӯи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) кард ва ин ҳизбро дар маблағгузории эътирозҳо дар Бадахшон гунаҳкор кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон гуфт: “Вақте ки корҳои охирон карданд, мо маълумот доштем, инҳоро лаҷомашонро хоҷаҳои хориҷӣ ба даст гирифтанд. Дар як муддати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузориашон карданд. 26 миллион! Ҳамин гуруҳҳо! Ва роҳбариашон мекарданд аз хориҷа. Ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом! Ва хоҷагонаш. Ҳамон! Ҳадаф, мақсад – табаддулот кардан!”

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилоф низ дар Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, рӯзи 19 июн дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” иддаои президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эътирозҳои Бадахшонро ба маблағи 26 миллион сомонӣ, яъне тақрибан 2,4 миллион доллар маблағгузорӣ кардани ҲНИТ ва ҳар гуруҳи дигари мухолифин дар хориҷро “афсона” ва дурӯғу туҳмат” номид ва гуфт, оппозитсияи дар хориҷ рабте ба эътирозҳои Бадахшон надошт ва инки пои наҳзатро ба он ҳаводис часпонданианд,  ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ, “идомаи ҳамон сиёсати қаблии душмантарошӣ аст,  ки бояд ҳатман душмане ёфт ва ҳама айбҳои худро ба гардани он душмани дохилӣ ё хориҷӣ бизананд”.

 “ҲНИТ ва Паймони миллӣ, ки ҳизб узви он аст, натанҳо дар эътирозҳои ахири Бадахшон даст надоштанд, балки ҳеҷ кумаки молие ҳам накарданд. Набояд фаромӯш кунем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 соли ҳокимияташ барои рӯпӯш кардани нокомиҳои худаш ҳамеша дунболи пайдо кардан ва сохтани душмани дохилӣ ва хориҷие будааст. Ин “душманҳо” ҳамеша номҳояшон иваз мешаванд. Гоҳ Ӯзбекистон буд ва гоҳ “кишвари ба ҳама маълум”, ки ҳатто ба  бурдани номаш ҷасорат намекарданд. Баъдан маълум шуд, кми Ӯзбекистон аслан душман набудааст, ба он “кишвари ба ҳама маълум” ҳам дидем, ки худаш хесту рафт.  Ҳамин тавр, гоҳ ҲНИТро душман эълон мекунанд, гоҳ бадахшониҳоро ва гоҳ блогерҳову рӯзноманигорони мустақилро”, мегӯяд Кабирӣ.

Раҳбари мухолифини тоҷик, ки аз соли 2015 дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад ва бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон дар ғайбаш ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст, аз сӯи ҲНИТ ба Бадахшон сарозер шудани 26 миллион сомониро “афсонае беш” намедонад ва мегӯяд, аввал сухан дар бораи 6 ҳазор доллар барои ташкили эътирозҳои Рӯшон мерафту 7 ҳазор доллар барои эътирозҳои Хоруғ ва ҳоло дам аз миллионҳо мезананд.

 Ба ақидаи Кабирӣ, кӯшиши ба ҳаводиси Бадахшон часпондани номи ҲНИТ ҳадафи ҳам дохила ва ҳам беруна дорад.

“Аз як тараф, мехоҳанд ба мардум дар Тоҷикистон нишон бидиҳанд, ки ҲНИТ ҳамчунон дар фикри террору ҳамлаву хунрезӣ аст. Аз дигар тараф, мехоҳанд  бо ишора бо ҳамсарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон боз ҳам ба шарикони хориҷии худ нишон бидиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш дар ҷабҳаи як ҷанги беамон бо терроризму тундгароии мазҳабӣ қарор доранд ва ба ин далел, бахусус Ғарб бояд аз матраҳ кардани масоиле, чун ҳуқуқи башар, таъқиби аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифон худдорӣ кунад”, мегӯяд Кабирӣ.

Ин радду бадалҳои ғоибона байни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифинаш Муҳиддин Кабирӣ дар пайи саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон аст, ки ба эътирофи мақомот, 16 нафар, вале бино ба манобеи дигар, беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт. Мақомот ҳамчунин дар бораи боздошти беш аз 220 нафар ва аз байн бурдани арсаи фаъолияти ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии Бадахшон ҳисобот доданд.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон бар инанд, ки эътирозҳои ахирро дар Бадахшон аз хориҷ “гуруҳҳои террористӣ” ташкил кардаанд ва мақсадашон ба ҳам задани амнияту субот дар кишвар буд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки баъди буғранҷ шудани вазъ, аз ҷумла бастани роҳи стратегии Душанбе Кӯлоб Хоруғ Кулма, ҳамла ба нирӯҳои амниятӣ ва хафви таркондани пулҳо ӯ худаш фармон дод, ки “силоҳбадастҳоро безарар ваё дастгир кунед”.

Вале бархе сокинони Бадахшон мегӯянд, ки нирӯҳои амниятӣ болои мардуми бесилоҳ оташ кушоданд ва чандин нафар дар боздошт бар асари шиканҷа бераҳмона кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

5 Comments

  1. Ин Кабирӣ дар табаддулоти ҳоҷи Ҳалим ҳам даст надошт! Дар воқеаҳои Бадахшон ҳам даст надорад! Ин фариштаи бегуноҳ аст! Умуман гуноҳ надорад барои ҳамин гурехта дар яке аз кишварҳои Аврупоӣ пинҳон шуда ба тариқи маҷҷозӣ (онлайн) гуё ба мардум ҳақиқатро мефаҳмонад. Дониста бош ба ин дуруғҳои шохдорат касе бовар намекунад. Шумо дар шикаматон намехуреду барои ноором кардани Тоҷикистон нолаи даҳонатонро медиҳед. Он ҷинояткорне, ки дар Бадахшон буданду худро волоияти қонун мегуфтанд сазояшон ҳамин буд. Аз онҳо қаҳрамон натарошед онҳо аз ҳисоби наркотик ва силоҳ зиндагии худро хуб карда буданд лекин ба мардуми оддӣ чи карданд? фарзандҳои камбағалҳро ба доми худ бурда ҳаёташон сӯзониданд.

    1. Офатулло Хумайнӣ ҳам аз Фаронса иддаои ҷумҳурии “исломӣ” карду ба мардуми Эрон “шоколад” ваъда дод, вақте омад аксари мардуми эрон бедину динситезу дингурез шуданд.

    2. ть худат мефахми чи меги . хокандеши ть. кабири марди окил ва борахму мусалмон аст.

  2. Ozodandesh! Harionam raisi jumhuri tu chi kard? In qadar bosavodu donishmandu notarsou porso boshad charo az Kabiri dar tars hast? Gunohi Kabiri rui rost guist ba monandi Daleri Imomali. Dar kushtor, mahkam kardani internet, tamrini askarhoi odamkush khudro ba Amrikovu Avrupo monand mekunad ammo baroi kumak va dastgirii aholi u davlati ru ba taraqi hast. Agar kumaki beruna migrantho naboshand u chi kor mekunad? Agar bisyor purzur boshad, davlati huquqbunyod boshad charo huquqi tamomi inshonhoro poimol kard. Askaroni obrumandash dar Rushon khonahoi mardumro pulu moli nochizi onhoro duzdida giriftand. Ba fikram kalidi tarykfurushi dar dasti hukumatdoron hast va onhoe ki kushta shudand chun bozichai sari dast istifoda burda shuda va imruz bozihoi nav paido shudand onhoro ba muser havo dodand. Holo nameguyad ki hamon odamoni khudi amniyat, kormandi duzdi KGB ki dar Badakhshon bud niz bo farmoni u kushta shud… Inro nameguyad, inho baroi amniyati khonavoda hastand yo davlat? Durughu tuhmathoro digar kudaki 3 sola ham bovar namekunad… boz ruze meshavad hamin mirzonabotro niz terrorist elon khohand kard chunone ki Kholbashro kardand…

  3. Рост мегуяи озодандеш, Кабири бозичаи Эрон аст. Аз тарафи эронихо идора карда мешавад ва кайхо боз шиамазхаб аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button