ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ХУДОЁ, МАДАДЕ! ЯК ЗАНИ ТОҶИК 50 РӮЗ БОЗ ДАР БЕМОРИСТОНИ РУСИЯ ДАР ҲОЛИ КОМА ҚАРОР ДОРАД

Бобоева Гулбаҳор Ашӯрмаматовна, санаи таваллудаш 23 марти соли 1989, аз 30 апрели соли 2022, инак беш аз 50 рӯз боз дар бемористонҳои вилояти Владимири Русия дар ҳолати кома (мадҳушӣ) қарор дорад.

Гулбаҳор рӯзи 30 апрел бо сад умеду орзу барои таваллуди фарзанди нахустинаш пой ба таваллудхона шаҳри Гусь-Хрустальная  ниҳода буд. Вале ба нақли ҳамсараш Сорбон Қодиров, ҳангоми таваллуд ду маротиба дили Гулбаҳор аз кор монда, ӯ сипас ба кома афтода, инак  беш аз 50 рӯз боз беёду беҳуш аст. Гулбаҳоро дар ҳамин ҳолати беёдӣ аз Гусь-Хрустальная   ба маркази вилоят бурданд ва рӯзи 18 июн боз ба Гусь-Хрустальная  пас оварданд.

Шукри Худованд, табибон бо роҳи ҷарроҳӣ тавонистаанд фарзанди Гулбаҳорро зинда берун биоранд ва ин тифли аз лаҳзаи аввали пой ба зиндагӣ гузоштанаш ва то имрӯз аз меҳру навозиши модар маҳрум дар Хонаи атфол (Дом малютки) таҳти сарпарастӣ қарор дорад.

Дар санаде, ки беморхонаи вилоятии клиникӣ додааст, вазъи ин модари тоҷик  ҳамчунон хеле вазнин ва ӯро ғайри қобили интиқол арзёбӣ мекунанд.

Худованд касеро ба чунин рӯзи сахт гирифтор накунад! Бахусус дар мулки мусофират!

Сорбон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” аҳволи кунуниашро чунни нақл кард:  “Рӯзҳое, ки ман дида истодаам, Худованд ба душмани кас нишон надиҳад. Дар тӯли ин 50 рӯз ман ҳар рӯз 120 километр роҳро тай карда, ба хабаргирии ҳамсарам мерафтам. Дом малюткае, ки фарзандамро онҷо ҷой кардаанд, аз беморхонаи вилоятӣ 90 километри дигар дур аст. Ва ман боз 90 километр роҳро тай карда, барои дидани фарзандам мерафтам, ки аз навозиши модар маҳрум ҳам бошад, ҳадди ақал аз меҳру навозиши падар маҳрум намонад. Ҳар рӯз фақат як тараф роҳи ман беш аз 200 километр мешуд…”

Шавҳари Гулбаҳор Сорбон Қодиров, ки инак қариб ду моҳ боз шабу рӯзаш дар пушти дари бемористон мегузарад, мехоҳад ҳамсарашро ба ягон маркази реабилитатсионӣ барад, вале имкони молиявии идомаи табобати ҳамсараш дар бемористони пулакиро надорад ва аз ҳамватанони дастбахайр кумак мехоҳад. Аз онҳое, ки имкони кумаки молиявӣ ба ин оилаи муҳтоҷро надоранд, хоҳиш мешавад, ки барои шифо ёфтани ин модари ҷавони тоҷик ва расиданаш ба дидори фарзанди навзодаш як каф дуо кунанд.

Телефони Сорбон Қодиров барои тамоси мустақим:

+7 977 114 24 75 (What’sApp ҳам дорад)

Рақами корти бонкӣ барои ироаи кумакҳо:

4279 3806 3985 9067 Сорбон Аслиддинович

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button