ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

МУРОФИАҲОИ ПУР АЗ ҲИЛА: АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТИРО НИЗ БАРОИ ДУ МОҲ БА ҲАБС ГИРИФТАНД

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шоми 18 июн Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ва ҳамкори Далери Имомалиро ниӯ  ба муддати 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар ин бора вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба пайвандони ин журналист хабар додааст. Мақомот Ғурбатиро ба ҳамла ба корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур айбдор мекунанд. Вале ба гуфтаи адвокаташ, ӯ дар додгоҳ ин иттиҳомро бори дигар рад кардааст. Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, намояндаи тафтишот ба додрас гуфтааст, ки гӯё дар бораи Абдуллоҳ Ғурбатӣ “баъзе маълумотҳо” доранд. Баъди ин додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур қарори ҳабси журналистро содир кардааст.

Мурофиаҳои ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳам Далери Имомалӣ бегоҳи 18 июн дар шароити мармуз баргузор шуд. Мақомот, тавре ба назар мерасад, аз чанд ҳила кор гирифтаанд, то ки монеи иштироки пайвандон ва хабарнигорон дар мурофиаи ин ду журналист ва блогери маъруф шаванд.

Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, вакили дифоъ аввал гуфтааст, ки мурофиа дар бинои тавқифгоҳ (ИВС) баргузор мешавад. Вале вақте наздикон ва рӯзноманигорон ба назди ин бино омаданд, маълум шудааст, ки мурофиаи Далери Имомалиро дар бинои додгоҳи Шоҳмансур гузарондаанд.

Бо шунидани ин хабар пайвандон ва рӯзноманигорон ба назди додгоҳ ҳозир шуданд, аммо то он вақт алакай мурофиаи Далери Имомалӣ ба поён расида, ӯро дар мошини сиёҳшиша ба боздоштгоҳ бурданд.

Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов ба нақл аз мақомот хабар дод, ки мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бинои тавқифгоҳ мегузарад. Пайвандони ду рӯзноманигори дастгиршуда ва хабарнигорон дубора ба назди боздоштгоҳ омаданд. Вакили дифоъ, ба гуфтаи худаш, барои ширкат дар мурофиа ба бинои боздоштгоҳ даромад, вале то соати 20 берун нашуд.

Дар чанд соате ки пайвандон ва рӯзноманигорон дар назди боздоштгоҳ мунтазири мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ буданд, чанд мошини сиёҳшиша аз дохили боздоштгоҳ баромада, бо суръат аз назди хабарнигорон гузаштанд. Баъзе хабарнигорон гуфтанд, онҳоро фиреб дода, мурофиаи Абдуллоҳро ҳам дар бинои додгоҳи Шоҳмансур гузаронданд.

Бо гузашти 4 рӯз пайвандони Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳоро надидаанд. Маълум нест, онҳо дар чӣ ҳоланд ва чаро масъулoн онҳоро ба пайвандон нишон намедиҳанд? Ин дар ҳолест, ки дар ҷомиа алакай овозаҳое дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани ин ду журналист аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансур мечарханд ва танҳо дидори онҳо бо пайвандонашон метавонист ин сарусадоҳоро фурӯ нишонад.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15 июн дастгир шуданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар паси таъқиби онҳо додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён, санаи таваллудаш 4 январи соли 1984, зодаи ноҳияи Ғозималик истодааст. Парвиз Ашӯриён писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён будааст. Сабаби асосии норозигии додситон ду гузориши Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бораи аз тарафи мақомот чаппа кардани манзилҳои сокинони маҳаллаи Панҷшер дар канори Душанбе буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button