Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ШАҒМОН ВА ҚАЛЛОБИИ ЯК ЗАН БА МАБЛАҒИ 25 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Рӯзи 17 июн, соати 11:20, дар роҳи мошингарди “Ховалинг-Балҷувон-Данғара” дар деҳаи Шағмон  бар асари бархӯрди “Опел бо мошини боркаши “ШАКМАН”, як мусофири “Опел” ҷон бохта, ду мусофири дигари ин мошин ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок ва беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххЗани 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он айбдор мешавад, ки ҳаз соли 2008 бо роҳи фиреб ах як сокини Душанбе 25 ҳазор доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Рух додани садамаи нақлиётии марговар

029

17-уми июни соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қосимов Сайдмуртазо Сангаҳмадович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кулоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ховалинг-Балҷувон-Данғара” дар деҳаи Шағмон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба автомашинаи боркашони тамғаи “ШАКМАН”, Астанов Сайдали, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ёвон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шаҳнозаи Шариф, соли таваллудаш 1996, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва Табарова Мунира Саъдуллоевна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, Азизмои Маҳмадисо, соли таваллудаш 2003 , сокини шаҳри Кулоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани зани қаллоб

000

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки соли 2008, зани 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button