ИқтисодКоррупсия

ЯК ЗАНРО ДАР КӮЛОБ БАРОИ ҚАРЗИ БОНК МАҲКУМ БА ЗИНДОН КАРДААНД

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳри Фарзона Раҷабмадоваро ба аз они худ кардани маблағи қарзи бонк (моддаи 145, қисми 2, бандҳои “а” ва “б”) ва сохтакорӣ (моддаи 340, қисми 2, бандҳои “а”, “б” ва “в” )  гунаҳкор шинохта, ба 3 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Ин ҳукм ҳанӯз 20 феврали соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон тоза 17 июн бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кард.

Бино ба иттилои ин ниҳод, “Раҷабмадова Фарзона Сафаралиевна, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар давоми солҳои 2020 ва 2021 бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Иброҳимова Ш.А. бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст даровардани маблағи пулӣ, бо роҳҳи сохтакорӣ, аз филиали ҶСК ‘‘Бонки Эсхата” маблағи 25 ҳазор сомониро кредит гирифта, ғайримақсаднок онро истифода бурда, маблағи мазкурро аз они худ намуда, ба манфиати шахсии худаш истифода бурдааст.”

Тафсилоти дигар оварда нашудааст.

Назари худи Фарзона Раҷабмадова ваё наздикону вакилаш ба ҳукми содиршуда дастрас нест.

Дар Тоҷикистон фоизи қарзи бонкҳо бениҳоят баланд (аз 20 то 40%)  буда, бисёриҳо имкони пас додани қарзи бонкро бо чунин фоизҳои миёншикан  надоранд. Дар натиҷа, мавридҳое фаровон аст, ки мардуми аз бонк қарзгирифта зери бори гарони қарз мемонанд ва бархе  барои пардохти қарзи бонк аз молу мулки худ ҳам маҳрум мешаванд.

Аммо як ҳамсуҳбати пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки бино ба иттилои ӯ, дар чорчӯби ин парванда танҳо Шаҳноза Иброҳимова ба зиндон андохта шудааст, вале Фарзона Раҷабмадова алакай дар озодӣ қарор дорад. Эҳтимол меравад, ки ӯ бар асоси қонуни афв озод шуда бошад. Қонуни афв дар сурати пардохти зарари расондашуда озод кардани афроди муҷрим дар аз худ кардани маблағҳоро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button