Номаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ИМРӮЗ ДОДГОҲ МАСЪАЛАИ ҲАБСИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТИРО ҲАЛ МЕКУНАД

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 18 июн масъалаи барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани журналистони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро баррасӣ мекунад. Тибқи қонун, шаҳрвандонро бидуни ҳукми додгоҳ фақат то 72 соат метавонанд боздошт кунанд. Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15 июн дастгир шуданд ва имрӯз 72 соати боздошти онҳо ба поён мерасад.

Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ айбдор мешавад ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳамла ба корманди милитсия.

Бисёре аз журналистони тоҷик мегӯянд, ин иттиҳомот чандон сангин нест ва шарт нест, ки ин ду журналист дар муддати тафтиши парвандаҳояшон дар ҳабс бошанд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ феълан дар ИВС, яъне тавқифгоҳи милитсияи Душанбе қарор доранд.

Боздошти ин ду хабарнигор ва блогер, ки бо видеогузоришҳои худ пиромуни масоили доғи иҷтимоии Тоҷикистон маъруф шуданд, мавҷи вокунишҳои манфии байналмилалиро низ ба бор овардааст.

Петра Гаспарова, муовини раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз озодии баён ва кори журналистони мустақил ҳамчун авлавияти бахши ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунем, зеро матбуоти озод ҷомеаро бештар демократӣ, нерӯманд ва гуногун месозад ва василаи хубе барои ҳимояти ҳуқуқи инсон мешавад.”

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ дар як изҳорот дар Твиттер  гуфт, “ин таъқиботро, ки ба фаъолиятҳои касбии онҳо рабт доранд, шадидан маҳкум мекунад ва озодии блогерҳоро тақозо мекунад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button