КоррупсияНомаҳо ба президент

ҲАМИҚАЕ, КИ ҶАВОНӢ, НАБОША КУНҶИ ТУРМАРА МЕГИРӢ НА КАМ АЗ 15 СОЛ!

Jamshed Olimov

Бознашр аз гуруҳи фейсбукии АХБОР БАРОИ АФКОР

КАДРИ ҶАВОН..ҲАМИҚАЕ, КИ ҶАВОНӢ, НАБОША КУНҶИ ТУРМАРА МЕГИРӢ НА КАМ АЗ 15 СОЛ!

(Эмомалӣ Раҳмон)

Ин суханоне буданд, ки ҷаноби Президент Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз 10 майи соли 2019 ба Шаҳбоз Раҷабзода гуфта буд. Хуб мо медонем Президент салоҳияти бахшидан ва гузашт карданро дорад. Ин ҷойи баҳс нест. Аммо инҷо гап сари кадри ҷавон меравад?

КАДРИ ҶАВОН!

Шумо дар акс ду кадри ҷавонро мебинед Далери Эмомалӣ ва Шаҳбоз Раҷабзода!

————–

Кадри ҷавон: Шаҳбоз Раҷабзода- бо маоши 1500 сомонааш дар як солу ҳашт моҳи фаъолият дар терминали гумрукии “Душанбе 1” соҳиби 3 хонаи барҳавову дилкаш ва пур аз файзу баракат, ки яке аз хонаҳояш дар маҳалли 112 иборат аз 9 ҳуҷраро соҳиб гашта буд. Аз соҳиби чанд зану маъшуқа буданашон гап намезанем ин сири оилави ва маҳрамона, мо коре надорем!

АММО?

Кадри ҷавон: Далери Эмомалӣ то ҳол иҷорашин ё хато накунам бо ду фарзанд дар хонаи падар зиндаги мекунад!

—————-

Кадри ҷавон: Шаҳбоз Раҷабзода як автомашинам чандин ҳазордолара ба номи худ ва 2-и дигар ба номи дигар нафарон то мулоқот бо Президент соҳиб гашта буд, ҳоло шояд зиёдтар дошта бошад ё якто инаш ба мо номаълум?

АММО?

Кадри ҷавон: Далери Эмомалӣ доим дар роҳу паскучаҳои пойтахт бо чуздони дарвешии хеш дар сари китф гоҳо пиёда гоҳо савора дар нақлиёти ҷамъияти мегардад!

——————

Кадри ҷавон: Шаҳбоз Раҷабзода бе дипломи оли дар даруни нохунак гӯё <<Дипакадемияи Рассия >>-ро хатм карда бошад, ҳоло он, ки аз бесаводи уро аз ин боргоҳи илм пеш карданд, лекин ба зами ин то ба сардори терминали гумрукии “Душанбе 1” расидааст, ки ин мақом дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба гуфти гапо аз ҳама ҷойи равғани аст!

АММО?

Кадри ҷавон: Далери Эмомалӣ Донишкадаи ҳунарҳои зебо ба номи Мирзо Турсунзодаро аз рӯйи ихтисоси кинорежиссёр, актёриро хатм кардаасту ба ғайр аз фаъолияти блогери дар ҳеҷ мақоме расман фаъолият намекунад. Аниктар гуфта гузарем бе кор!

——————-

Кадри ҷавон: Шаҳбоз Раҷабзода дар ҳама ҷой аз номи фарзандони роҳбари давлат гап мезадааст, ягон касро итоъат намекардааст, ҳатто салом намедодааст!

АММО?

Кадри ҷавон: Далери Эмомалӣ боре аз номи касе дар гузоришҳояш ҳарфе нагуфтааст, доим дар ҳама гузоришҳо очоҷоно, апаҷоно, акаҷон ман Далери Эмомалӣ аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон, зинда бод сулҳу субот дар рӯйи дунё ва Тоҷикистони азиз, ВАТАН ДИГАРАЙ!

——————

Кадри ҷавон: Шаҳбоз Раҷабзода дар 1солу 8 моҳи фаъолият яъне 20 моҳи фаъолият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз рутбаи лейтенант ба полковники расидааст!

АММО?

Кадри ҷавон: Далери Эмомалӣ ҳатто дар гузоришҳояш дида мешуд, ки микрафони сабташ фарсудаву корношоям гоҳо садо буд гоҳо не, Ҳатто кудрати як микрофон хариданро надошт!

—————–

Кадри ҷавон: Шаҳбоз Раҷабзода бо маъоши 1500 сомонааш миллионҳо долларро ба хориҷ баровардааст ҳеҷ як дотситон ӯро боздошт накарда буд. Ҳатто ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ гуфт, ки пулҳои ба хориҷ баровардаатро бармегардони, аммо то имрӯз ҳеҷ маълумоте дар даст нест, ки чи миқдоро аз миллионҳоро баргардонид ё не…!

АММО

Кадри ҷавон; Далери Эмомалӣ бо ду танга аз YouTube, ки шояд як сола даромадаш ба як рестаран нишастани Шаҳбози акам баробар набошад, боздошту муҳокима мешавад!

—————-

Саволе ба миён меояд охир чаро бо ин қадар ҷиноят талаву тороҷ, такаббуру худписанди, суистифода аз мансабу номи фарзандони роҳбари давлат як кадри ҷавон дар озоди, лек дигаре аз дилсузиву муҳаббат ба ин Ватан дар боздошт? Шояд аммо, аммо, ва садҳо аммои дигар бошад инҷо!

<<Кадри ҷавон гуноҳат аз муйи сарат зиёд аст. Чи ту боз аз осмон чакидаи? қонун барои ки аст? гуноҳ надори, камбути надори? Ҳамиқадаре, ки ҷавони набоша кунҷи турмара мегири накам аз 15 сол. Пулҳои хориҷа баровардагита мегардони. Аз куҷо даромади буҷет мешавад бад, садҳо миллион, садҳо миллиард рафта истодааст мегуйед буҷет иҷро намешавад>>. (Иқтибос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон – 10 майи соли 2019 дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳарфе аз мо шояд дар ҳақи Далери Эмомалӣ туҳмат бошад, аммо дар васфи Шаҳбоз Раҷабзода бародари азизамон мо ҳеҷ туҳматеро раво намебинем ин ба мардонагии мо созгор нест ҳамаи гуфтаҳои мо аз суханрониҳои Пешвои миллат гирифта шудааст. Манбаъ:

Мо ҳамеша ба адолат ва волоияти қонун бовар дорем ва дар назди қонун баробар ҳастем. Умед дорем ақлу дили инсонмеҳвари боло мегирад ва рӯзноманигорони ҷафокашидаи мо Далери Эмомалӣ ва Абдулло Ғурбати раҳо хоҳанд гашт. Охир онҳо низ кадри ҷавон ҳастанд!

Ҷамшед Олимов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button