ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ДУ БАРОДАРИ ТОҶИК БА МУҚОБИЛИ ДУ БАРОДАРИ ЧЕЧЕН БА МАЙДОН МЕБАРОЯНД (ВИДЕО)

Шоми 18 июн дар шаҳри Дортмунди Олмон дар мусобиқа созмони ҷангҳои бидуни қоидаи “GMCOlympicx” ду бародар аз Тоҷикистон Алхаттаби Фирдавс ва Алямин Охиров ба муқобили ду бародар аз Чеченистон  Амир ва Алим Аҷиевҳо аз Чеченистон ба майдон мебароянд.

Додари хурдии Хаттабу Алямин дар як паёми видеоӣ қабл аз ин мусобиқа ба бародарони худ орзуи муваффақият кардаст.

Бародарон Охировҳо, ки зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонанд, дар Украина зиндагӣ ва машқу таҳсил мекарданд. Алхаттаб, ки 21 сол дорад, дар Донишгоҳи Одесса дар риштаи алоқаву мухобирот дар соли сеюм таҳсил мекард ва Алямин, ки 20 сол дорад, дар соли дуюми Донишгоҳи ҳавонавардии шаҳри Харков таҳсил дошт.

Вале баъди шурӯи ҷанги Русия бародарон Охировҳо ба Олмон рафтанд ва дар инҷо барои 5 набард қарордод бастаанд. Алхаттаб алакай як набардашро бо пирӯзӣ бар рақибаш аз Бразилия анҷом дод.

Алхаттаби Фирдавс (Хаттабшо Охиров), маъруф ба “Памирский гладиатор” (“Гладиатори помирӣ”), моҳи октябри соли 2021 баъди пирӯзиаш дар мусобиқаи муштҷанг (кулачные бои) дар шаҳри Одессаи Украина ба маросими ҷоизасупорӣ тоқии сабзи бадахшонӣ дар сар ва футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд дар тан ҳозир шуд.

“Пирӯзиамро ба ин шери Панҷшер, ба Аҳмадшоҳи Масъуд мебахшам. Ӯ барои ман ҳамеша зинда ва ҳамеша қаҳрамон аст”, – изҳор дошта буд Алхаттаб баъди он пирӯзӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button