Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА БАДАХШОНРО ЛАРЗОНД

Нимаи дуюми рӯзи 17 июни соли 2022, соати 17:25 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларза сают шудааст. Маркази зилзиланигории Тоҷикистон гуфт, маркази ин заминларза дар 315-километрии  ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 145-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Афғонистон буда, дар маркази ин офати табӣ замин бо шиддати 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст. Шиддати заминларза дар Хоруз 3 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, дар бораи кадом талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар бар асари ин офати табиӣ гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як ҳафтаи охир 11 заминларза, дар як моҳи охир 30 заминларза ва дар як соли охир 230 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button