ВидеоДин ва боварҳо

ТОҶИДДИН НАЗАРОВ ДАР РУСИЯ БА ЗИНДОНИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД. АБӮ УСОМА АЛ-НОРАКӢ КӢ БУД? (ВИДЕО)

Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ҳарбии Ғарбии Русия рӯзи 17 июни соли 2022 зодаи Тоҷикистон ва яке аз “амир” –ҳои ДОИШ Тоҷиддин Назаров, маъруф бо лақаби Абӯ Усома Ал-Норакӣба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳ ин ҷангии маъруф бо лақаби  Абӯ Усома Ал-Норакиро дар узвият дар созмони террористӣ, таҳияи ҳамлаҳои террористӣ ва гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда гунаҳкор шинохт. Додгоҳи Русия дар умум Тоҷиддин Назаровро танҳо дар Русия дар 23  ҷинояти марбут ба терроризм, аз ҷумла ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар назди Кремл, дар назди бинои ФСБ дар майдони Лубянка ва қароргоҳи ГРУ дар Хорошевское шоссе гунаҳкор донист. Ин зодаи шаҳри энергетикҳои Тоҷикистон Норак ба ин тартиб, аввалин зодаи Тоҷикистон шуд, ки дар Русия ҳукми абад гирифт.

“Додгоҳ қарор кард, ки Назаровро гунаҳкор шинохта, ҳамчун ҷазо вайро ба ҳабси умрбод бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш махсус ва бо адои 8 соли аввали ҳукмаш дар зиндони пӯшида маҳкум кунад “,  гуфта мешавад дар ҳукми се қозии ин парванда. Тоҷиддин Назаров ҳамчунин муваззаф карда шуд, ки якуним миллион рубл ҷарима пардохт кунад.

Қаблан хабар омада буд, ки Абӯ Усома Ал-Норакӣ дар додгоҳи Русия иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо қисман ба гардан гирифтааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ низ рӯзи 16 июн аз додгоҳи ҳарбӣ барои Тоҷиддин Назаров ҳукми зиндони умрбод талаб карда буд. ” Назаров ба ҳабси умрбод бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш махсус ва ба ҷарима ба маблағи 1 миллион рубл маҳкум гардида, 10 соли аввали ҳукмашро дар зиндони пӯшида адо кунад “, – гуфта буд айбдоркунанда дар додгоҳ.

Тоҷиддин Назаров  соли 2019 дар Сурия дастгир ва соли 2020 аз онҷо ба Русия истирдод гардид. Дар Русия ӯро ба таҳияи чандин амали террористӣ ва ҳамчунин ба ҷалби даҳҳо муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ба саффи ДОИШ ва бурдани онҳо барои ҷанг ба Сурияву Ироқ айбдор мешавад. Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ Абӯ Усома Ал-Норакиро яке аз хатарноктарин аъзои ДОИШ меноманд ва мегӯянд, ки ӯ беш аз 100 зодаи Тоҷикистонро ба доми ДОИШ афтонда, ба Сурияву Ироқ бурдааст. Дар Тоҷикистон Тоҷиддин Назаровро ҳамчунин яке аз тарроҳони ҳамлаи террористии моҳи июли соли 2019 дар Данғара, ки дар он 4 сайёҳи хориҷӣ кушта шуд, медонанд. Вале маълум нест, ки оё Тоҷикистон истирдоди Назаровро аз Русия талаб хоҳад кард, то ӯро дар ватанаш низ ба додгоҳ бикашонанд?

Бар асоси маводи парвандааш, Тоҷиддин Назаров бо мақсади ноил шудан ба қатъи амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия чандин ҳамлаи террористиро дар қаламрави Русия ташкил кардааст. Айбдоркунанда дар додгоҳ гуфт, ки ӯ тавассути мессенҷер дар Маскав як гуруҳи террористиро ташкил кард, ки соли 2017 мебоист дар назди идораи ФСБ, маъмурияти президенти Русия ва вазорати мудофиаи ин кишвар ҳамлаҳои хунини террористӣ анҷом медоданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Назаров ҳанӯз соли 2014 ба ДОИШ пайваста, ба Сурия рафтааст ва аз соли 2017  бо лақаби Абӯ Усома Ал-Норакӣ ба мақоми “амир”, яъне яке аз роҳбарони ин созмони террористии дар бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ расидааст. 

Тафтишот мегӯяд,  Тоҷиддин Назаров соли 2016 дар Новосибирск гуруҳи терриористиеро ташкил ва тамрин дод, ки моҳи августи ҳамон сол дар ин шаҳри Русия таркиш анҷом доданд, вале хушбахтона, касе дар ин ҳамла кушта шуд.

Ҳамин тавр, Назаров ташкилкунандаи таркиш дар як маршрутка дар ноҳияи Любертсии вилояти Маскав дониста мешавад. Он таркиш амалӣ нашуд, чунки мусофирон маводи таркандаро пайдо карданд ва ба мақомот хабар доданд.

Моҳи июли соли 2017 бошад, Назаров дар як устохона дар Петербург барои таркондани истгоҳи роҳи оҳан ба иҷрокунандагон силоҳу маводи тарканда додааст, вале ин ҳамла низ амалӣ нашуд, чунки иҷрокунандагонашро дастгир карданд.

Вале  ҳамлаи аз ҳама пурсарусадои ташкилкардаи ӯ соли 2017 буд, ки маргталабон мебоист дар назди идораи ФСБ, дар наздикии Кремл ва дар назди вазорати адлияи Русия таркишҳо анҷом медоданд. Ин нақшаи Назаров низ иҷро нашуд ва одамонаш дастгир шуданд.

Аммо ӯ муваффақ шуда буд, бо ҷалби як муҳоҷир аз Самарқанд дар Шветсия ҳамлаи террористии пурқурбоние анҷом диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button