ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ТАЛАБИ ҲУКМИ ЗИНДОНИ УМРБОД БАРОИ “АМИР”-И ТОҶИКИ ДОИШ УСОМА АЛ-НОРАКӢ

Дар Русия дар Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ҳарбии Ғарбӣ мурофиаи парвандаи пурсарусадои зодаи Тоҷикистон ва яке аз “амир” –ҳои ДОИШ Тоҷиддин Назаров, маъруф бо лақаби Абӯ Усома Ал-Норакӣ идома дорад. Ӯро дар Русия дар 23 ҷинояти марбут ба терроризм, аз ҷумла ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар назди Кремл ва дар назди бинои ФСБ, айбдор мекунанд.

Хабаргузориҳои русии ТАСС ва Интерфакс хабар доданд, ки айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 16 июн аз додгоҳ барои Тоҷиддин Назаров ҳукми зиндони умрбод талаб кардааст.

“Ниҳоятан хоҳиш мекунам, ки Назаров ба ҳабси умрбод бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш махсус ва ба ҷарима ба маблағи 1 миллион рубл маҳкум гардида, 10 соли аввали ҳукмашро дар зиндони пӯшида адо кунад “, – гуфтааст айбдоркунанда дар додгоҳ.

Тоҷиддин Назаров, зодаи шаҳри энергетикҳои Тоҷикистон Норак, соли 2019 дар Сурия дастгир ва соли 2020 аз онҷо ба Русия истирдод гардид. Дар Русия ӯро ба таҳияи чандин амали террористӣ ва ҳамчунин ба ҷалби даҳҳо муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ба саффи ДОИШ ва бурдани онҳо барои ҷанг ба Сурияву Ироқ айбдор мешавад. Абӯ Усома Ал-Норакӣ дар додгоҳ  иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо қисман ба гардан гирифтааст.

 Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ Абӯ Усома Ал-Норакиро яке аз хатарноктарин аъзои ДОИШ меноманд ва мегӯянд, ки ӯ беш аз 100 зодаи Тоҷикистонро ба доми ДОИШ афтонда, ба Сурияву Ироқ бурдааст. Дар Тоҷикистон Тоҷиддин Назаровро ҳамчунин яке аз тарроҳони ҳамлаи террористии моҳи июли соли 2019 дар Данғара, ки дар он 4 сайёҳи хориҷӣ кушта шуд, медонанд. Вале маълум нест, ки оё Тоҷикистон истирдоди Назаровро аз Русия талаб хоҳад кард, то ӯро дар ватанаш низ ба додгоҳ бикашонанд?

Бар асоси маводи парвандааш, Тоҷиддин Назаров бо мақсади ноил шудан ба қатъи амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия чандин ҳамлаи террористиро дар қаламрави Русия ташкил кардааст. Айбдоркунанда дар додгоҳ гуфт, ки ӯ тавассути мессенҷер дар Маскав як гуруҳи террористиро ташкил кард, ки соли 2017 мебоист дар назди идораи ФСБ, маъмурияти президенти Русия ва вазорати мудофиаи ин кишвар ҳамлаҳои хунини террористӣ анҷом медоданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Назаров ҳанӯз соли 2014 ба ДОИШ пайваста, ба Сурия рафтааст ва аз соли 2017  бо лақаби Абӯ Усома Ал-Норакӣ ба мақоми “амир”, яъне яке аз роҳбарони ин созмони террористии дар бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ расидааст.  

Тафтишот мегӯяд,  Тоҷиддин Назаров соли 2016 дар Новосибирск гуруҳи терриористиеро ташкил ва тамрин дод, ки моҳи августи ҳамон сол дар ин шаҳри Русия таркиш анҷом доданд, вале хушбахтона, касе дар ин ҳамла кушта шуд.

Ҳамин тавр, Назаров ташкилкунандаи таркиш дар як маршрутка дар ноҳияи Любертсии вилояти Маскав дониста мешавад. Он таркиш амалӣ нашуд, чунки мусофирон маводи таркандаро пайдо карданд ва ба мақомот хабар доданд.

Моҳи июли соли 2017 бошад, Назаров дар як устохона дар Петербург барои таркондани истгоҳи роҳи оҳан ба иҷрокунандагон силоҳу маводи тарканда додааст, вале ин ҳамла низ амалӣ нашуд, чунки иҷрокунандагонашро дастгир карданд.

Вале  ҳамлаи аз ҳама пурсарусадои ташкилкардаи ӯ соли 2017 буд, ки маргталабон мебоист дар назди идораи ФСБ, дар наздикии Кремл ва дар назди вазорати адлияи Русия таркишҳо анҷом медоданд. Ин нақшаи Назаров низ иҷро нашуд ва одамонаш дастгир шуданд.

Аммо ӯ муваффақ шуда буд, бо ҷалби як муҳоҷир аз Самарқанд дар Шветсия ҳамлаи террористии пурқурбоние анҷом диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button