Хабарҳои кӯтоҳ

СЕЛ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ВА ШАМОЛИ САХТ ДАР ЛАХШ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 17 июни соли 2022 хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар аз омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф ва шамоли сахт хабарҳо расиданд.

Чунончӣ, 16-уми июни соли 2022 боронҳои шадид дар қаламрави деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Масчои Кӯҳии вилояти Суғд сабаби омадани сел шуд. дар натиҷаи ин офат заминҳои икшт зарар диданд, лойқа роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллиро пӯшонд.

Гуфта мешавад, бо талоши кормандони хадамоти роҳи вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Ҳамчунин шаби 15 июни соли 2022,  наздик ба соати 22:30 дақиқа шамоли сахт дар қаламрави деҳаи Пилдон ва Чубайи ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш боми 10 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон ва сақфи бинои мактаби таҳсилоти умумиро қисман канд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин ҳодиса низ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт.

Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ аз ҳисоби кормандони кумита ва комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.

Корҳо барои бартараф намудани оқибатхои офати табиӣ давом дорад ва  Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда мизони зарари расидаро муайян мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button