ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ИЗЗАТ АМОН АЗ ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ДИЛСАРД ШУДААСТ ВА ДИГАР БАҲСҲОИ ДОДГОҲИРО ДАВОМ ДОДАНӢ НЕСТ…

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми машкуки “қаллобӣ” ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст, дар як суҳбати телефонӣ ба пайвандонаш хабар додааст, ки дигар аз болои ҳукми додгоҳ шикоят намебарад, зеро ба адолати додгоҳӣ ва қонунмандии аҳкоми додгоҳҳои  Тоҷикистон бовар надорад. Ин дар ҳолест, ки интизор мерафт, Иззат Амон аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад. Ин додгоҳи ноҳиявӣ рӯзи 6-уми июн Иззат Амонро бо ҷурми “қаллобӣ”  боз ба 6 соли дигари зиндон маҳкум кард ва бо ҳамин ҳукми ӯро то ба 15 сол расонд.

Маҳмадсаид Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 17 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар суҳбат пас аз  эълони ҳукми додгоҳ ва дар гуфтугӯи телефонӣ падараш гуфтааст, ки ба мурофиа бар асоси қонунгузории кишвар омодагӣ дида ва талаботи моддаҳои кодексро иҷро намуд, вале додрас аз ҳамаи ин қатъи назар кард ва ба аризаҳои даъвогаронро ҳам эътибор надод, балки танҳо ҳукмро хонду рафт.Маҳмадюсуф Холов гуфт, онҳо омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардохт кунанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”


Иззат Амон ба вакили мудофеъ ва ба пайвандонаш гуфтааст, ҳукми ахир ва шеваи мурофиа ӯро ноумед кардааст. Пайвандони Иззат Амон гуфтаанд,  онҳо низ аз  шеваи бархӯрди додрас ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва идомаи мубориза бо ин қонуншиканиҳои мақомоти додгоҳиро беҳуда медонанд.
Иззат Амон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон бозбинии ҳукми аввалашро ҳам дархост карда буд, вале додгоҳ ҳукми ӯро бетағйир ба ҷо гузошт.

Писари Иззат Амон гуфт, дар мулоқот бо вакили мудофеъ тасмим гирифтаанд, ки дигар аризаи шикоятӣ наменависанд, зеро Додгоҳи олӣ низ эътимод надоранд, ки одилона ва мунсифона қазияро баррасӣ кунад.
Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки 48 сол дорад, аввали моҳи марти соли гузашта аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда,  рӯзи 25 марти соли 2021 ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад. 19  октябри соли 2021, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд,  додгоҳи Душанбе пардохт нашудани 232 сомонӣ пули даъвои касеро баҳона карда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

6 июни соли 2022 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси боз як даъвои дигар ба ҳукми Иззат Амон боз 6 соли дигар афзуд ва ҳукми ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 15 сол расонд.

Бисёриҳо истирдод аз Русия ва инак ду ҳукми Иззат Амонро сиёсӣ мешуморанд ва мегӯянд, аксари даъвоҳои “қаллобӣ” ба зидди ӯ ташкилшуда ба назар мерасанд. Ба ақидаи мунтақидон, интиқодҳои тунди Иззат Амон аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷират, боиси таъқибу истирдод ва маҳкум шуданаш ба зиндон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button