ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР МАҲАЛЛАИ МИРЗОБЕК ВА ДЕҲАИ СУЛТОНОБОД

Шаби 15 июн, тахминан соати 21:40, як сокини 19-солаи нощияи Рӯдакӣ дар роҳ ба самти маҳаллаи Мирзобек зери чархи мошини “Мерседес” монда, дар беморхона ҷон додааст.

Рӯзи 16 июн, соати 12:10, бар асари ба мошини боркаши ГАЗ-53 бархӯрдани як скутер дар роҳи деҳаи Султононободи ноҳияи Шаҳритӯс ронандаи 64-солаи скутер дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як мусофири 51-солааш ҷароҳат бардоштааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок ва беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххх

Сокини 37-солаи ноҳияи Айнӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 майи соли 2021 аз сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ як мошини тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро 20 ҳазор доллар нарх карда, гирифта, ваъда додааст, ки дар як моҳ пулашро медиҳад, вале то ҳол надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи “Скутер” дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

15-уми июни соли 2022, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Расулов Шаҳриёр Каримович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти маҳаллаи Мирзобек аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Мадумаров Икром Умедҷонович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
16-уми июни соли 2022, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи “Скутер”, Норматов Абдумумин Махатович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Султонобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёти дучархааш набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба воситаи нақлиёти тамғаи “ГАЗ-53”, таҳти идораи Бобомуродов Тӯраназар Қурбонович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Янгиобод бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Скутер”, Норматов А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири “Скутер” Холматов Тоҳир Чориевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи мазкур ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок ва беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз худ намудани автомашина бо роҳи қаллобӣ

035

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 37-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 27-уми майи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки арзишаш 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол бар нагардонидааст.
Оиди ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button