ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 17 ТО 21 ИЮН ДАР НОҲИЯҲОИ КӮҲИСТОН БОРОН МЕБОРАД, ХАТАРИ СЕЛУ ТАРМА ЗИЁД АСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 17 то 21 июни соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои кисми шаркии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, борон  меборад.  Ин борон метавонад  сабаби омодани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад. Хатари лағзиши тарма, резиши санг низ зиёд аст.

Дар робита ба ин Кумита аз сокинон ва меҳмонони навоҳии кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, занбӯруғ ва дигар зироатҳо, ҳамчунин чорвочаронӣ, моҳигирӣ хеле эҳтиёткор бошанд.

Волидон бояд ба бачаҳо бештар диққат диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд. 

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд. Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед. 

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button