ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БО ВАЪДАИ БА АМРИКО ФИРИСТОДАН АЗ ДУ СОКИНИ ТОҶИКОБОД 44 ҲАЗОР ДОЛЛАР ГИРИФТААНД

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз ду ҷинояти қаллобии марбут ба интиқоли шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ ба Амрико хабар дод. Ду сокини Душанбе  ҳанӯз моҳи январи соли 2021 дар ду маврид аз ду сокини ноҳияи Тоҷикобод бо ваъда ба Амрико фиристодани онҳо аз ҳар кадом 22-ҳазордолларӣ гирифта, дар ниҳоят онҳоро фиреб додаанд ва пулҳои бадастомадаро ба манфиати шахсиашон харҷ кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2021, ду нафар мардони 36-сола, ҳарду сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ӯро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд. Аммо номбурдагон ваъдаашонро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Ҳамин тариқ, меафзояд маркази матбуоти ВКД, номбурдагон дар ҳамон моҳи январи соли 2021, ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ҳамон ноҳияи Тоҷикобод даромада, аз ӯ ҳам 22-ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағи ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
ВКД дар бораи ин қазия тафсилоти дигар надодааст, ки оё он ду сокини Тоҷикободро бо чӣ роҳе ба он сӯи уқёнус фиристоданӣ буданд? ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол барои таъмини зиндагии оилаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ мераванд. Русия ва қисман Қазоқистон як самти асосии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Вале солҳои охир садҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон ба хотири таъм ини ояндаи беҳтаре барои фарзандони худ рӯ ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Аврупо ва Амрикову Канада оварда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button