ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БО ЧИГАС ВА ДАР БАРИ 200 КИЛО АФЮН: НАХУСТИН ВИДЕОИ НИЁЗШО ГУЛОБОВ БАЪД АЗ ҲАБС

Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 16 июни соли 2022 бори аввал видеои Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, соли таваллудаш 1982, лидери ғайрирасмии маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғро нашр кард. Дар ин видео Гулобов дар ҳоле дида мешавад, ки пои чапаш ба танаш овезон асту кор намекунад ва ӯ худро аз тарафи чап бо чигас дошта истодаасту аз тарафи рост Гулобов аз китфу дасташ як ҷавони ношинос дошта истодааст, то ки ӯ наафтад.

Дар бари Ниёзшо Гулобов дар рӯи замин бастаҳои зиёде қатор чида шудаанд. Гулобов дар ҳоле ки бо мушкил ҳарф мезад, мегӯяд, “даромади асосии саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноятии Хоруғ аз ҳисоби маводи мухаддир буд”.

Бино ба нақли Гулобов, ин бастаҳои пеши вай маводи мухаддирест, ки қаблан дар дасти Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов буд, вале 10 рӯз пеш аз шурӯи амалиёт ба зидди лидерҳои Хоруғ, ин ҳама маводи мухаддирро ба Бизмич кӯчондаанд.

Маркази матбуоти ситоди байниидоравӣ дар ин гузориш хабар дод, ки  15 июни соли 2022 бар асоси нишондоди Гулобов Ниёзшо дар ҳудуди маҳаллаи Тирчид (УПД)-и шаҳри Хоруғ миқдори махсусан калони маводи нашъадори нави «афюн», ки ба гуфтаи мақомот, ба Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович  тааллуқ дошт, мусодира гардид. Мазоров Хурсанд, лидери ғайрирасмии Тирчид, рӯзи 12 июн ҳамроҳ бо Зоир Раҷабов ҳарду кушта шуданд.

 «Ташхиси судӣ-кимиёвии маводи мусодирашуда нишон дод, ки он маводи мухаддири навъи «афюни афғонӣ» буда, аз 200 баста дар дохили 8 халтаи полиэтиленӣ ҷобаҷо шудааст. Вазни холисаш 200  килограммро ташкил медиҳад», — гуфта мешавад дар хабар.

Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи дигар дар шароити кунунии дар Хоруғ ҳукмфармо ғайримумкин ба назар мерасад, вале бино ба фарзияи мақомот, ин 200 кило афюнро гӯё Хурсанд Мазоров аз Афғонистон тариқи  маҳаллаи наздисарҳадии Наводак  оварда, дар пинҳонгоҳи махсус бо мақсади  фурӯш ва интиқол  нигоҳ медошт, вале 10 рӯз қабл аз амалиёти махсус ба зидди лидерҳои Бадахшон Хурсанд Мазоров  гӯё ин маводи мухаддирро аз пинҳонгоҳ гирифта, ба Гулобов Ниёзшо додааст.

Гулобов Ниёзшо рӯзи 11 июни соли ҷорӣ ҳамроҳ бо ду лидери дигари ғайрирасмии минтақа Толиб Аёмбеков ва Мунаввар Шанбиев дастгир шуд. Се рӯз баъд ситод хабар дод, ки бар асоси нишондоди Аёмбеков ва Гулобов, амакбачаи Гулобов 15 мил автомат ва писари Аёмбеков 6 сар автомату як гранатомёт ва тиру муҳимоти зиёдеро ба мақомот супурданд.

Вале бархеҳо ин хабари ёфт шудани даҳҳо мил силоҳро зери шубҳа гузошта, аз ҷумла далел меоварданд, ки агар ин лидерҳо ин қадар силоҳ доштанд, пас чаро як тир ҳам нозада, таслим шуданд. Далели дигари шубҳазо ин буд, ки Гулобов ба мақомот гӯё 15 автоммат ва ҳамагӣ 6 магазин супурдааст.

Амалиёти боздошти лидерҳои ғайрирасмии Хоруғ аз 11 июн оғоз ёфт. Аксари ин лидерҳо алакай дастгир шуда, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов рӯзи 12 июн кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button