ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

6 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МУҲАММАД САНГОВ БАРОИ ТАБЛИҒИ АҚИДАҲОИ САЛАФИЯ

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Сангов Муҳаммад Таварович, сокини деҳаи Навободи  ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоиловро бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ташкили фаъолияти созмони ифротӣ гунаҳкор шинохта, ба 6 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.  Тафтишот мегӯяд, Муҳаммад Сангов бо вуҷуди онки бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод карда шуда буд, баробари озод шудан аз нав ба таблиғи ақидаҳои равияи динии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия даст задааст.

Назари худи маҳкумшуда ваё адвокат ё наздикони ӯ дастрас нест. Вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16 июни соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт, Муҳаммад  Сангов  қаблан барои  айни кирдор, яъне таблиғи Салафия бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 аз санаи 27 августи соли 2019 сол то 8 январи соли 2020, беш аз 4 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25.10.2019 сол озод гардид, вале “аз ин ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, дидаю дониста такроран даст ба содир намудани ҷинояти қасдона: ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) задааст.”

Бино ба маводи парвандааш, “Муҳаммад Сангов моҳи октябри соли 2013 бо мақсади гирифтани таълимоти динӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз равияи “Салафия”, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шудааст, ба Ҷумҳурии Миср рафта, дар донишгоҳи “Азҳар Шариф” дохил гардида, дар онҷо таҳсил кардааст.”

Додситонӣ мегӯяд, Сангов М.Т., баъди аз Миср баргаштанаш аввалҳои моҳи сентябри соли 2019 дар телефони мобилии худ барномаи интернетии “Телеграм” ва “Ватсап” кушода, худро дар сомонаҳои “Пурсиш ва посух”, “Назратулла Абу Марям” ва “Имом ибни Боз” номнавис намуда, дарсҳои пешвоёни ин равияро омӯхта, ба  ташкили фаъолияти ғайриқонунии равияи “Салафия” машғул шудааст. Додситонӣ меафзояд, “Сангов М.Т., бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ дар сомонаи мазкур маводҳо ва видеороликҳои Имом ибни Боз, Шайхул-Ислом ибни Таймия, шайх Албонӣ, ки номбурдагон пешвоёни аъзоёни равияи“Салафия” мебошанд мутолеа намуда, онҳоро ҷонибдорӣ карда, дидаю дониста, ки номбурдагон пешвоёни аъзои равияи  “Салафия” мебошанд, бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо, қасдан суроғаи сомонаҳои мазкурро ба бародараш Сангов К.Т. ва рафиқонаш бо номҳои Абдураҳим, Абдулҳаким, Руслан, Мустафо, Ринат, Рамил, ки номбурдагон сокинони Ҷумҳурии Бошқирдистони Русияанд, фиристодааст.”

Вале ин даъво баҳсбарангез менамояд, чунки, агар Сангов аз 27 августи соли 2019 то январи соли 2020 дар ҳабс бошад, чӣ гуна тавонистааст дар боздоштгоҳ телефону Интернет дошта бошад ва бо марокизи Салафия робита барқарор кунад?

Дар ҳар сурат, додситонии Ваҳдат ба зидди Сангов парвандаи нав кушодааст ва ӯро дар ниҳоят ба 6 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Фаъолияти равияи динии Салафия дар Тоҷикистон соли 2009 манъ гардид ва дар пайи ин, даҳҳо нафар аз роҳбарони пайравони ин равия ба зиндон андохта шуданд. Мақомот аз ҷумла Эшони Сироҷиддин, яке аз мубаллиғони Салафияро инак бори дуюм зиндонӣ карда, чанд сол домулло Муҳаммадиро, ки яке аз роҳбарони аввали салафиҳои Тоҷикистон дониста мешуд, низ ба маҳбас андохт. Даҳҳо нафар аз пайравони равияи Салафия дар пайи таъқибу зиндонӣ шудани ҳамсафонашон аз Тоҷикистон фирор карда, қисме ба Туркияву кишварҳои арабӣ ва қисме ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button