ВидеоҶомеа

РАҲИМИ ҒАРМӢ БАРОИ ҒАРИБШОҲ БА 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ХОНА ХАРИД (ВИДЕО)

Ҳамагӣ як рӯз баъди муроҷиати ширинкори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ки аз бехонагӣ шикоят кард, соҳибкори маъруфи дастбахайр Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, мушкили ин ҳунармандро ҳал кардааст.

Дар як паёми нав, ки рӯзи 15 июн боз ҳам дар канали Орзу Исоев нашр шуд, Ғарибшо эълон кард, ки “мушкили сисолаи ман дар байни ҳамагӣ як рӯз ба таври мӯъҷизавӣ ҳал шуд! Бо шарофати дӯст ва бародарони дастбахайри мо Раҳими Ғармӣ!”

Ғарибшо гуфт, баъди тамом шудани таҳияи аснод дар рӯзҳои наздик видеои маросими калидсупориро аз як тарабхонаи машҳур ба намоиш хоҳад гузошт.

Орзу Исоев навиштааст, ки Раҳими Ғармӣ ба Ғарибшо барои харидани хона 60 ҳазор доллар тақдим кардааст.

Ғарибшо як рӯз қабл аз тариқи канали Орзу Исоев ба чанд соҳибкори дастбахайр, аз ҷумла Раҳими Ғармӣ, набераи президент Исмоили Муҳаммадзоир ва биносоз Ҳоҷӣ Маҳмудҷон муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки ба вай дасти ёриашонро дареғ надошта, аз азоби иҷорашинӣ халосаш кунанд. Ғарибшо нақл кард, ки ҳанӯз соли 1993 дар хобгоҳи вазорати фарҳанг дар кӯчаи Маяковский дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе сабти ном шуда буд, вале аз ҳуҷрае ки дар ин хобгоҳ дошт, силоҳбадастон берунаш кардаанд ва бо ҳамин инак қариб 30 сол боз дар пойтахт азо бехонагӣ ва дар ба дари иҷора гаштан азоб мекашад.

Ғарибшо гуфт, медонад, ки ҳазорон муҳоҷири тоҷик барои кумак ба ӯ омодаанд, вале мехоҳад ягон нафаре аз соҳибкорони тавонманд ҳалли ин мушкили вайро ба дӯши худ бигирад, то ки  ҳалли мушкили бехонагии вай ҳам ба гардани муҳоҷирон бор нашавад.

Ин муроҷиати Ғарибшо бисёриҳоро ба риққат овард. Корбарон навиштанд, аз шунидани инки ҳатто чунин як ҳунарманди маъруф ва хидматкарда то ҳол бехона будааст, ба шок афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ака мебинам шумо хам ба лагандбардории Рахими Гарми гузаштед, чанд руз пеш акаи Салими Аюбзод ро ба хотири дар бора Абдурозик нашр намудааш танкид кардед, ё мушкилии Бадахшону дигар ахолии Точикистон дар дигар вакт хам гуфта мешад дия а ака, ё мисле ки фермаи чавоб мегуфтан шумо аз Кабири пул мегиред, аз Рахими Гарми интизори танга астед, бахшиш ман яке аз тарафдорони ашадии Мирзои Салимпур хастам, як фикрамро иброз намудам.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button