ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАНИ ТОШКАНД – ДУШАНБЕ МАЪЛУМ ШУД – 35 ДОЛЛАР

Ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон (“Ӯзбекистон Темир Йӯлларӣ”) нархи чиптаи қатори Душанбе – Тошкандро, ки алакай аз ҳафтаи оянда, аз 20 июн ба кор медарояд, эълон кард.

“Нархи сафар аз 381,4 ҳазор сӯм (тақрибан 35 доллари Амрико) сар шуда, вобаста ба санаи харидани чипта метавонад тағйир биёбед “, – хабар додааст хадамоти матбуоти ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон.

Ин кишвар аз солҳои 90 равуои қаторҳоро бо Тоҷикистон қатъ карда, танҳо ба транзити қаторҳои Тоҷикистон иҷозат медод. Рӯзи 2 июн президентҳои ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд ба тавофуқ расиданд, ки алакай аз 20 июн ҳаракати қаторҳои мусофиркашро байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз нав ба роҳ биандозанд.

Тӯли ин хатсайри № 301/302  916 километр буда, тӯли сафар 21 соатро ташкил медиҳад. Ин қатор аз шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд, Ҷизах, Гулистон, ҳамчунин аз бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғди Тоҷикистон хоҳад гузашт.

Қатор аз пойтахти Тоҷикистон ҳар рӯзи душанбе ба роҳ баромада, ба Тошканд алакай рӯзи сешанбе, соати 13:43 мерасад. Ҳамин тавр, ҳар рӯзи сешанбе, соати 16:15 ин қатор аз  Тошканд ба қасди Душанбе ба роҳ мебарояд ва алакай рӯзи чоршанбе ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Қатор аз 10 вагон иборат буда, аз ҷумла 4 вагони купе, 5 вагони платскарт ва як вагон-ресторанро дар бар мегирад.

Ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон гуфт, хоҳишмандон метавонанд аз ҳоло аз ҳарду сомонаи ин ширкат  – ҳам сомонаи нав ва ҳам аз  сомонаи кӯҳна барои сафар байни Тошканду Душанбе ва баракс чипта харидорӣ кунанд.

Равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон дар даврони раҳбарии Ислом Каримов даврони мураккаби шабеҳи ҷанги сардро пушти сар карданд. Ӯзбекистон он вақт парози ҳавопаймоҳо ва автобусу қаторҳоро байни ду кишвар манъ карда, бо Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ кард ва марзҳояшро бо ин кишвар минакорӣ кард. Дар замони Каримов сатҳи табодули маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя низ ба ҳадди пасттарин пойин рафта буд ва солона ҳамагӣ ҳудуди 40 миллион долларро ташкил медод.

Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки  асли аҷдодаш аз  шимоли Тоҷикистон, аз деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст, равобити Тошканд бо Душанбе рӯ ба гармшавӣ овард.

Мирзиёев  режими визаро бо Тоҷикистон бекор кард ва гузаргоҳҳои қаблан басташуда дар марз бо ин кишварро аз нав кушод, парвози ҳавопаймоҳову ҳаракати автобусҳоро барқарор кард ва сатҳи харидуфурӯши маҳсулот байни ду кишвар низ, тавре Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди ахираш аз Тошканд таъкид кард, баъди даргузашти Ислом Каримов 40 маротиба боло рафта, ба 600 миллион доллар расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button