ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҶомеа

ҶАСАДИ ЯК ДУХТАРИ ҶАВОНИ СОКИНИ ХОРУҒРО АЗ СОҲИЛИ ДАРЁИ ПАНҶ ЁФТАНД…

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 15 июни соли 2022  бо истинод ба маълумоти қисми навбатдориаш хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ сабт нашудааст, вале мутаассифона, боз 3 ҳолати дар об ғарқ шудани шаҳрвандон сабт шудааст.

Аз ҷумла субҳи барвақти 15 июни соли 2022, тахминан соати 05:45 дар соҳили обанбори сунъӣ дар қаламрави шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷасади як писарбача ёфт шуд. Маълум гардид, ки ӯ сокини шаҳри Бӯстон буда, рӯзи 14-уми июн аз беназоратии падару модар  ғарқ шудааст.    

Ҳамчунин рӯзи 14-уми июнн ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ як сокини 19-солаи шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ғарқ шуд. 

Баъди дарёфти хабари нохуш дастаи ғаввосони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Ҷустуҷӯ то соати 20:30 дақиқа, яъне то фаро расидани торикӣ идома дошт, аммо бенатиҷа. Субҳи 15-уми июн амалиёти ҷустуҷӯи ғарқшуда аз сар гирифта шуд ва ҳанӯз идома дорад. 

Ҳамин тавр, 14 – уми июни соли 2022, тахминан соати 18:52 нерҳҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар соҳили дарёи Панҷ, дар наздикии деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҷасади  як духтари ба тахмин 15-20-соларо пайдо карданд.  Ташхис нишон дод, ки ӯ як духтари 20-сола, сокини шаҳри Хоруғ будааст, ки рӯзи 6-уми июн аз хона берун рафта, дигар барнагаштааст.

Тавре ба назар мерасад, ин духтар низ худкушӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, дар рӯзҳои охир ин алакай сеюмин мавриди бо қасди худкушӣ худро ба об партофтани сокинони Бадахшон аст. Дар як маврид, як ҷавонзан худро ҳамроҳи тифли ширмакаш ба дарё партофтааст.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, рӯзи 13-уми июн, соати 12:10, дар соҳили дарёи Панҷ, дар рӯбарӯи деҳаи Даштаки ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ ҷасади як зани 20-солаи сокини деҳаи Будуни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷро пайдо карданд. Ин зан ҳанӯз рӯзи 1 июн худро ҳамроҳи писари яксолааш ба дарёи Язгулом партофта, худкушӣ карда буд. Сабаби худкушии  ин ҷавонзан маълум нест. Ҷустуҷӯи тифлаки яксола идома дорад.

Ҳамчунин рӯзи 12 июни соли 2022 як сокини 55-солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа худро ба дарёи Шоҳдара андохта, даст ба худкушӣ зад. Сокинон дастаҷамъӣ ба ҷустуҷӯи ғарқшуда афтоданд ва соати 15:50 ҷасади ӯро пайдо карда, хешовандонаш супурданд. Сабаби худкушии ин сокини солманди Роштқалъа ҳам маълум нест.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои расмӣ, аз аввали сол то 14 июн дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай 56 нафар, аз ҷумла 30 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шуданд. Се ғарқшудаи охир шумораи қурбониёнро алакай ба 60 наздик мекунад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади роҳ надодан ба мавридҳои минбаъдаи ғарқшавии сокинон, аз ҳама хост, ки эҳтиёт кунанд.

“Рафтани кӯдакону наврасон бе раҳнамоии калонсолон хатарҳои ғарқ шудан дар обро афзун мекунанд. Волидон бояд ҳатман фарзандонашонро беназорат нагузоранд.

Оббозӣ барои касоне, ки шиноварӣ наметавонанд, хатари дигар дорад. Ин гуна афрод хуб мешавад агар вориди об ҳам мешаванд, аз соҳилҳо дур нараванд.

Риояи қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ дар маконҳое, ки иҷозат дода шудааст, аз шартҳои аввали таъмини амнияту бехатарии истироҳаткунандагон аст”, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button